Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ: Барои кишти такрорӣ ниёз ба оби полезӣ бештар мегардад
ҲАМАДОНӢ, 09.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Новобаста ба тағйирёбии иқлим, гармшавии ҳаво ва кам гардидани маҷрои дарёҳо дар фасли тобистон Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ кӯшиш мекунад, то кишоварзонро бо оби полезӣ таъмин намояд. Ба ин хотир аллакай аз оғози мавсим каналу ҷуйбор ва заҳкашу иншооти обрасониро таъмиру тоза намудаанд.
Ҳамкории хуби Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ бо ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ва хоҷагиҳои деҳқонию инфиродӣ рӯз ба рӯз дар беҳтар шудани ҷамъоварии маблағи истифодаи оби полезӣ мусоидат карда истодааст.
Дар ноҳияи мазкур асосан кишоварзони ҷамоатҳои деҳоти «Меҳнатобод», «20-солагии Истиқлолият» ва »Дашти гулҳо» кишти такрорӣ мегузаронанд ва ба оби полезӣ бештар ниёз доранд.
Дар Ҷамоати деҳоти «Меҳнатобод» баъди ҷамъоварии ғалладонагӣ ва маҳсулоти барвақтӣ ҳамасола майдони кишти шолиро васеъ менамоянд, ки ин зироат обталаб аст.
Имсол кишоварзони ҷамоати мазкур пеш аз муҳлати муайянгардида дарави ғалладонагиро анҷом дода, кишти такрориро вусъат бахшида истодаанд.
раиси Ҷамоати деҳоти «Меҳнатобод» Эмомалӣ Азимов, изҳор дошт, ки барои сарфакорона истифода бурдани оби полезӣ Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ обрасониро ба хоҷагиҳо тариқи дархост ба роҳ мондааст.
Мутахассисон мегӯянд, ки ин гуна сурат гирифтани кор ҳам ба хоҷагиҳо ва ҳам ба Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ манфиатовар аст, зеро об беҳуда ҷорӣ намешаваду хоҷагиҳо маблағи оби дархостшударо месупоранд. Яке василаҳои истифодаи самараноки замин сари вақт гузаронидани кишти такрорӣ ва риояи қоидаҳои агротехникӣ мебошад. Ин омилҳо имкон медиҳанд, ки ҳосили фаровон ба даст оварда, сатҳи зиндагии кишоварзон беҳтар шавад ва бозору марказҳои савдо бо маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин гардад.
Акс аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид






