Имрӯз дар шаҳри Турсунзода таҳти унвони «Марз-2021» санҷиши омодагии ҷангӣ баргузор гардид
ТУРСУНЗОДА, 22.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрўз дар шаҳри Турсунзода таҳти унвони «Марз-2021» санҷиши омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ баргузор гардид. Дар ин бора котиби матбуоти раиси шаҳри Турсунзода Фирӯз Холиқов ба хабарнигори АМИТ “Ховар” иттилоъ дод.
Зимни баргузории ин машқи низомӣ зиёда аз 3000 нафар аз ҳисоби шаҳрвандони дар эҳтиёт буда, ҳайати шахсии афсарону сарбозони қисмҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, мустақар дар шаҳри Турсунзода, ҷавонон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳо баъд аз бонги хатар дар ҷойи муайяншудаи самтҳои амалиётӣ ҷамъ омада, ҳолати омодабошии ҷангии онҳо мавриди санҷиш қарор гирифт.
Бо мақсади санҷиши омодабошӣ техникаҳои зиреҳпӯши ҷангиву нақлиётӣ, силоҳу муҳимоти муосири ҳарбӣ, техникаҳои автомобилӣ низ ба мавзеи муайянгардида сафарбар гардиданд.
Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода иброз дошт, ки “вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳар яки мо тақозо менамояд, ки ҷиҳати ҳимояи Ватан ва марзу буми он ҳамеша омода бошем. Машқҳои имрӯза собит намуданд, ки сокинони шаҳри Турсунзода нисбат ба ҳар дастуру супориши муҳтарам Пешвои миллат омодаанд ва ҳифзи сарзамини муқаддасро қарзи фарзандӣ ва масъулияти шаҳрвандии худ медонанд”.
Тибқи иттилои манбаъ, комиссари ҳарбии шаҳр Саймумин Саидзода иброз дошт, ки “машқҳои низомӣ дар сатҳи баланди омодагӣ доир гардида, баргузории чунин машқҳо ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи касбият ва омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо, инчунин шаҳрвандони дар эҳтиёт буда мусоидат менамояд”.
Сокини шаҳри Турсунзода Меликмурод Холов доир ба баргузории чорабинии имрӯза иброз дошт, ки “ман омўзгор ҳастам ва ҳанӯз дар даврони Шўравӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ адои хизмат намудам. Ин субҳ бо эълони бонги хатар ба ин майдон омада, шоҳид гардидам, ки ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбии дар шаҳр қарор дошта, марзбонони далеру шуҷои тоҷик минбаъд низ аз уҳдаи иҷрои вазифаи муқаддаси худ- ҳифзи боэътимоди марзҳои кишварамон бо сарбаландӣ мебароянд”.
Сокини деҳоти Навобод Нуриддин Юлдошев зикр намуд, ки “ман зода ва сарбози даврони истиқлол буда, соати 4 субҳ бо эълони бонги хатар ба ин машқҳо пайвастам. Ман омодаам дар ҳолати зарурӣ ба ҳифзи хоки муқаддаси давлатамон баромада, синаи худро сипар намоям”.
Аксҳо аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода










Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






