Имрӯз дар шаҳри Турсунзода таҳти унвони «Марз-2021» санҷиши омодагии ҷангӣ баргузор гардид

Июль 22, 2021 10:05

ТУРСУНЗОДА, 22.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрўз дар шаҳри Турсунзода таҳти  унвони «Марз-2021» санҷиши омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ  баргузор гардид.  Дар ин бора котиби матбуоти раиси шаҳри Турсунзода Фирӯз Холиқов ба хабарнигори АМИТ “Ховар” иттилоъ дод.

Зимни баргузории ин машқи низомӣ зиёда аз  3000 нафар  аз ҳисоби шаҳрвандони дар эҳтиёт буда, ҳайати шахсии афсарону сарбозони қисмҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, мустақар дар шаҳри Турсунзода, ҷавонон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳо баъд аз  бонги хатар дар ҷойи муайяншудаи самтҳои амалиётӣ ҷамъ омада, ҳолати омодабошии ҷангии онҳо мавриди санҷиш қарор гирифт.

Бо мақсади санҷиши омодабошӣ техникаҳои зиреҳпӯши ҷангиву нақлиётӣ, силоҳу муҳимоти муосири ҳарбӣ, техникаҳои автомобилӣ низ ба мавзеи муайянгардида сафарбар гардиданд.

Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода иброз дошт, ки “вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳар яки мо тақозо менамояд, ки ҷиҳати ҳимояи Ватан ва марзу буми он ҳамеша омода бошем. Машқҳои имрӯза собит  намуданд, ки сокинони шаҳри Турсунзода нисбат ба ҳар дастуру супориши муҳтарам Пешвои миллат омодаанд ва ҳифзи сарзамини муқаддасро  қарзи фарзандӣ ва масъулияти шаҳрвандии худ медонанд”.

Тибқи иттилои манбаъ, комиссари ҳарбии шаҳр Саймумин Саидзода иброз дошт, ки  “машқҳои низомӣ дар сатҳи баланди омодагӣ доир гардида, баргузории чунин машқҳо ҷиҳати  баланд бардоштани сатҳи касбият ва омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо, инчунин шаҳрвандони дар эҳтиёт буда мусоидат менамояд”.

Сокини шаҳри Турсунзода Меликмурод Холов доир ба баргузории чорабинии имрӯза  иброз дошт, ки  “ман омўзгор ҳастам ва ҳанӯз дар даврони Шўравӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ адои хизмат намудам. Ин субҳ бо эълони бонги хатар ба ин майдон омада, шоҳид гардидам, ки ҳайати шахсии қисмҳои  ҳарбии дар шаҳр қарор дошта,  марзбонони далеру шуҷои тоҷик минбаъд низ аз уҳдаи иҷрои вазифаи муқаддаси худ- ҳифзи боэътимоди марзҳои кишварамон бо сарбаландӣ мебароянд”.

Сокини деҳоти Навобод Нуриддин Юлдошев зикр намуд, ки  “ман зода  ва сарбози  даврони истиқлол буда, соати 4 субҳ бо эълони бонги хатар ба ин машқҳо пайвастам. Ман омодаам дар ҳолати зарурӣ ба ҳифзи хоки муқаддаси давлатамон баромада, синаи худро сипар намоям”.

 

Аксҳо аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Июль 22, 2021 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ва Италия тақвият меёбад
ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон муташаккилона идома дорад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар мақомоти гумруки Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд
Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?
Дар Истаравшан гурӯҳи нахустини ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст