Кумитаи бехатарии озуқаворӣ: Бо мақсади пешгирии бемориҳои сироятӣ беш аз 12,5 миллион сар чорво ва паранда эм карда шуданд

Июль 15, 2021 15:30

ДУШАНБЕ, 15.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ  аз бақайдгирии  1 нуқтаи номусоиди  бемории сӯхтанӣ, 3 сиёҳрон, 25 ҳорӣ, 2 брадзоти  гӯсфандон, 2 нуқтаи  пастерелёзи  чорвои хурди шохдор  дар соли равон дар  ҷумҳурӣ хабар медиҳад.  Гуфта мешавад, ки нуқтаҳои номусоиди бемориҳои сироятӣ зери назорати доимӣ буда,  дар манбаъҳои номусоид, таҳдидкунанда ва дорои пайдоиши  хавф чорабиниҳои солимгардонӣ, эмгузаронии маҷбурии саршумори ҳайвонот  ва корҳои безараргардонию маҳдудкунӣ гузаронида шудаанд.   

Тавре Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ  Муҳаммадсаид Файзуллозода   имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, бо мақсади   эмин нигоҳ доштани вазъи  боэътимоди  эпизоотӣ, таъмини  саривақтии чорабиниҳои  зиддиэпизоотӣ ва барҳам задани  манбаъҳои  эҳтимолии  сироят  ваксинаҳо харида шудаанд. Аз ҷумла,  2030000  воя ваксинаи   сӯхтанӣ,  421800  воя ваксинаи вабои  сумдард,  ваксинаи брутселлёз (Рев-1)- 207650 воя, ваксинаи брутселлёз (Шт-82)- 10 000 воя, ваксинаи  гули ЧМШ- 500 000 воя, ваксинаи тоуни  паранда (Шт-Н)- 300 000 воя, ваксинаи ҳорӣ (ТС-80)- 101000 воя,  маводи аллергении туберкулин- 100 000 воя, инчунин маводи ташхиси  бемориҳои брутселлёз  ва ҳорӣ, ҷамъ ба маблағи 2400380 сомонӣ харидорӣ ва дастрас гардида, барои гузаронидани  корҳои  безараргардонӣ  ба зерташкилот ва мақомоти ҳудудии  Кумита тақсим карда шуданд. Аз ин ҳисоб  барои пешгирии  бемориҳои сироятии  чорво дар байни бештар аз 12,5 миллион  сар ҳайвонот  ва парандаҳо  чорабиниҳои пешгирӣ ва табобатӣ гузаронида шудаанд. Аз ҷумла,  бар зидди бемории сӯхтании чорвои калони шохдор  1 085289 сар,  чорвои  хурди шохдор  1648 003 сар, аспҳо аз 29 ҳазор сар, маркабҳо наздик ба 50 ҳазор сар, инчунин бар зидди вабои сумдарди   чорвои калони шохдор зиёда аз 278 ҳазор  сар, чорвои хурди шохдор  беш аз 541ҳазор сар,  ҳамзамон зидди бемории сиёҳрон  зиёда аз 81 ҳазор сар чорвои калони шохдор,  брутселлёз  1646 сар, Рев 27359 сар, гули гӯсфандону бузҳо қариб 170 ҳазор  сар, тоуни чорвои хурди шохдор-  беш аз 42 ҳазор сар, ҳории тамоми намуди ҳайвонот 93,4 ҳазор  сар,  бемориҳои ангалӣ-  беш аз 573 ҳазор сар, бемориҳои пӯсти ҳайвонот- зиёда аз 290 ҳазор  сар, бемориҳои паранда- 8069410  сар ба эмгузаронӣ ва чораҳои пешгирӣ таъмин  шудаанд.

Ҳамзамон Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории кишвар  Муҳаммадсаид Файзуллозода афзуд, ки  барои муайян намудани  вазъи эпизоотии ҷумҳурӣ  имсол нисбат ба  беш аз 440 ҳазор чорвои калон ва хурди шохдор  санҷиши брутселлёз  гузаронида шуд. Аз саршумори санҷидашуда 515 сар  чорвои мубталои беморӣ  муайян гардида, аз ин 380 сар чорвои  бемор тибқи дастурамали мубориза бар зидди  бемории  брутселлёз забҳ карда шуд ва нисбат ба забҳи 135 сар чорвои боқимонда  аз ҷониби мутахассисон чораҷӯӣ идома дорад.

Тибқи иттилои роҳбарияти  Кумитаи  бехатарии озуқавории кишвар, соли равон нисбат ба бемории  сил дар байни 12095 сар чорвои  калони шохдор санҷиш гузаронида шуд, ки ин омор беш аз 20 фоизи  нақшаро ташкил дода, саршумори санҷидашудаи чорвои ба туберкулин ҷавоби мусбатдода муайян карда нашудааст.  Муҳаммадсаид Файзуллозода  афзуд, ки  алҳол ҳолати эпизоотӣ ва вазъи солимии  чорво дар хоҷагиҳои  давлатӣ  нисбат ба бемориҳои буғумдард  ва сил мутаносибан  ба солҳои гузашта  муътадил арзёбӣ мегардад.

Ҳамзамон дар нишаст таъкид гардид, ки  дар ин давра дар хоҷагиҳои  деҳқонию фермерии шаҳру навоҳии мамлакат  чорабиниҳои безараргардонӣ, аз ҷумла, дар масоҳати  беш аз 496 ҳазор  метри мураббаъ  дезинфексия, 1,3 ҳазор метри мураббаъ  дезинсексия  ва дар масоҳати беш аз 10 ҳазор метри мураббаъ  дератизатсия  гузаронида шуд.

Июль 15, 2021 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Чин барои коркарди захираҳои маъдан корхона таъсис медиҳанд
Ҳайати Федератсияи палатаҳои савдои Арабистони Саудӣ бо корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон шинос мешавад
Дар вилояти Суғд майдони боғоти мевадиҳанда васеъ мегардад
Имрӯз таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорони ҶСК «НБО Роғун» баргузор гардид
Масъалаи зиёд намудани хатсайрҳои парвоз байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон шабакаи ягонаи назорати рақамии вазни мошинҳои боркаш таъсис дода мешавад
Дар гармхонаи шаҳри Хоруғ зиёда аз 10 ҳазор кӯчати гул парвариш мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 200 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш меёбад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Панҷакент коргоҳи истеҳсоли шифер бунёд карда мешавад
Бо ташаббуси Тоҷикистон дар қароргоҳи СММ чорабинии сатҳи баланд доир ба зеҳни сунъӣ баргузор шуд
Дар таъмини бехатарии парвозҳо дар ҳарими ҳавоии Тоҷикистон зан-метеорологҳо нақши муассир доранд
Масоили таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика дар Москва баррасӣ гардид