Мақолаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «20 соли СҲШ: ҳамкорӣ баҳри субот ва шукуфоӣ» дар Миср ва Кувайт бознашр гардид
ДУШАНБЕ, 07.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 6 июл Бунгоҳи иттилоотии Ҷумҳурии Арабии Миср «Ал-Хабар-ул-явм» мақолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро зери унвони «20 соли СҲШ: ҳамкорӣ ба хотири субот ва шукуфоӣ», ки 15 июн дар АМИТ «Ховар» интишор ёфта буд, бознашр намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бознашри ин мақола дар Миср, ки яке аз кишварҳои меҳварӣ дар Ховари Миёна ва қитъаи Африқо ба шумор меравад, бозгӯй аз обурӯю эътибори Тоҷикистон ва аҳаммияти муҳтавои раёсати он дар ин созмони бонуфузи минтақавӣ арзёбӣ мегардад.
Ҳамчунин 23 июн рӯзномаи интернетии «Q8-PRESS»-и Давлати Кувайт низ мақолаи мазкурро ба забони арабӣ бознашр намуд.
Пайванди электронии мақола ба забони арабӣ дар Миср:
https://alkhabaralyoum.com/index.php/more/more-news/36802
Пайванди мақола ба забони арабӣ дар Давлати Кувайт:
https://www.q8-press.com/?p=21760
АКСҲО аз АМИТ «Ховар»/ВКХ ҶТ










35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳо дар қолаби СҲШ+ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои СҲШ таҳти унвони «25 соли СҲШ: таҳкими субот, густариши ҳамкорӣ барои рушди ояндаи муштарак» иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян мулоқот намуданд






