Мақолаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «20 соли СҲШ: ҳамкорӣ баҳри субот ва шукуфоӣ» дар Миср ва Кувайт бознашр гардид

Июль 7, 2021 11:22

ДУШАНБЕ, 07.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 6 июл Бунгоҳи иттилоотии Ҷумҳурии Арабии Миср «Ал-Хабар-ул-явм» мақолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро зери унвони «20 соли СҲШ: ҳамкорӣ ба хотири субот ва шукуфоӣ», ки 15 июн дар АМИТ «Ховар» интишор ёфта буд, бознашр намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар  медиҳад.

Бознашри ин мақола дар Миср, ки яке аз кишварҳои меҳварӣ дар Ховари Миёна ва қитъаи Африқо ба шумор меравад, бозгӯй аз обурӯю эътибори Тоҷикистон ва аҳаммияти муҳтавои раёсати он дар ин созмони бонуфузи минтақавӣ арзёбӣ мегардад.

Ҳамчунин 23 июн рӯзномаи интернетии «Q8-PRESS»-и Давлати Кувайт  низ мақолаи мазкурро ба забони арабӣ бознашр намуд.

Пайванди электронии мақола ба забони арабӣ дар Миср:

https://alkhabaralyoum.com/index.php/more/more-news/36802

Пайванди мақола ба забони арабӣ дар Давлати Кувайт:

https://www.q8-press.com/?p=21760

АКСҲО аз АМИТ «Ховар»/ВКХ ҶТ

Июль 7, 2021 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Ҳайатҳои иштирокчии ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф меоранд
Сарвазири Шурои давлатии Чин барои ҳамкории босифат бо Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» изҳори омодагӣ намуд
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои СҲШ доир гардид
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ