Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ ба Дабири кулли Созмон эътимоднома супорид
ДУШАНБЕ, 08.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат эътимодномаи худро ба Дабири кулли Созмон Антониу Гутерреш супорид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот ҷонибҳо ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар соҳаи обу иқлим, аз ҷумла Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» ва эълон намудани 2025 ҳамчун соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо мавриди баррасӣ қарор дода, дар бораи масъалаҳои амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ба вежа Афғонистон мубодилаи афкор намуданд.
АКСҲО аз ВКХ ҶТ









Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск бо донишҷӯёни тоҷик ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими минтақаи Сибир мулоқот намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Озарбойҷон муаррифӣ гардид
Густариши робитаҳои корӣ байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва вилояти Кургани Русия баррасӣ гардид
Дар Минск имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Душанбе нашри олмонии китоби «Тоҷикон» муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Президенти Эрон вохӯрӣ намуд
Дар Москва бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург бо муовини губернатори вилояти Курган мулоқот намуд
Дар Миср китоби «Тоҷикистон-гаҳвораи таърих ва тамаддун дар Мовароуннаҳр (Осиёи Марказӣ)» муаррифӣ гардид
Масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об байни Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург вохӯрии намояндаи бахши тиҷоратии Тоҷикистону Русия баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Осимаи Кувайт вохӯрӣ намуд






