Натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2021 эълон гардиданд

Июль 26, 2021 10:07

ДУШАНБЕ, 26.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 24 июли соли 2021 натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 эълон карда шуд.

Мувофиқи тартиби муқарраргардида, ба озмуни тақсимот довталабоне роҳ ёфта буданд, ки аз рӯйи ихтисосҳое, ки супоридани:

— танҳо қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ (синфи 11-ум))-ро талаб мекунанд, аз ҳамаи субтестҳои қисми А холҳои гузаришро соҳиб шудаанд;

— танҳо қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум))-ро талаб мекунанд, аз ҳамаи субтестҳои қисми Б холҳои гузаришро соҳиб шудаанд;

— ду субтести аввали қисми А ва қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус)-ро талаб мекунанд, аз ду субтести аввали қисми А ва аз ҳамаи санҷишҳои қисми В холҳои гузаришро соҳиб шудаанд;

— ду субтести аввали қисми Б ва қисми В-ро талаб мекунанд, аз ду субтести аввали қисми Б ва аз ҳамаи санҷишҳои қисми В холҳои гузаришро соҳиб шудаанд;

— қисмҳои А ва Г (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ)-ро талаб мекунанд, аз ҳамаи субтестҳои қисми А ва аз қисми Г холҳои гузаришро соҳиб шудаанд.

Хотиррасон мекунем, ки қисми В-ро барои санҷидани қобилияти эҷодӣ ва (ё) малакаю маҳорати махсуси довталаб аз ихтисосҳои самтҳои санъат ва фарҳанг, варзиш, дизайн, меъморӣ, ҳайкалтарошӣ ва дин худи муассисаҳои таълимии дахлдор баргузор кардаанд.

Инчунин қисми Г-ро довталабони ихтисосҳоро аз филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе (“Г.1”) ва ё Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (“Г.2”) интихобкарда супоридаанд.

Маълумоти муфассал дар бораи натиҷаи озмуни тақсимот, аз ҷумла бали умумии бадастовардаи довталаб дар доираи ҳар як комбинатсияи ихтисоси интихобкардааш ва бали гузариш дар доираи ҳар як комбинатсия (агар довталаб дар озмун аз рӯйи он(ҳо) комёб нагардида бошад) дар кабинети инфиродии ҳар довталаб ҷойгир карда шуда, инчунин ба телефони мобилии ӯ, ки рақами он дар варақаи бақайдгириаш дар майдони “Телефони мобилӣ” қайд гардидааст, паёмак (SMS)-и ройгон бо маълумоти мухтасар дар ин бора фиристода шуд.

Агар довталаб дар озмуни тақсимот аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси 1-уми интихобкардааш комёб гардида бошад, дар бахши “Натиҷаи тақсимот”-и кабинети инфиродиаш дар сутуни “Бали гузариш” танҳо барои ҳамин комбинатсия бали гузариш нишон дода мешавад ва маълумот дар бораи комбинатсияи ихтисосҳои бартариашон пасттари интихобкардааш, аз ҷумла ихтисосҳо ва балҳои гузариши онҳо нишон дода намешавад.

Агар довталаб дар озмуни тақсимот тибқи комбинатсияи ихтисоси дар рӯйхати интихобҳояш аз 1-ум поён ҷойгиршуда комёб гардида бошад, дар сутуни “Бали гузариш”-и бахши “Натиҷаи тақсимот”-и кабинети инфиродиаш ба ғайр аз комбинатсияи ихтисоси тибқи он комёбгардида барои комбинатсия(ҳо)-и ихтисос(ҳо)-и аз рӯйи он(ҳо) комёбнагардида низ бали гузариш нишон дода мешавад (яъне, аз комбинатсияи ихтисоси 1-ум то комбинатсияи ихтисоси тибқи он комёбшуда). Масалан, агар довталаб аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси 4-уми интихобкардааш комёб гардида бошад, дар сутуни “Бали гузариш” барои комбинатсияҳои ихтисосҳои аз 1-ум то 4-уми интихобкардааш бали гузариш нишон дода мешавад. Дар сурати комёб гардидани довталаб мувофиқи яке аз комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардааш маълумот дар бораи комбинатсияи ихтисосҳои бартариашон пасттар (яъне, дар рӯйхати интихобҳо дар поёнтар ҷойгиршуда)-и довталаб, аз ҷумла ихтисосҳо ва балҳои гузариши онҳо нишон дода намешавад.

Агар довталаб дар озмуни тақсимот аз рӯйи ягон комбинатсияи ихтисоси интихобкардааш комёб нагардида бошад, дар сутуни “Бали гузариш” бали гузариши ҳар яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш нишон дода мешавад.

Вобаста аз комёб шудан ё нашудани довталаб дар озмуни тақсимот ба ӯ тавассути паёмак (SMS) маълумоти мухтасар дар шакли яке аз ҷумлаҳои зерин фиристода мешавад:

1.“№ назоратӣ: ХХХХХХХХХХХХХ. Даъватнома: ХХХХХХ. Натиҷаи озмуни тақсимот: Шумо аз рӯи интихоби n (ихтисоси ХХХХХХХ, шакли таҳсил, намуди таҳсил, номи муассисаи таълимӣ) ГУЗАШТЕД. Фавран то 05.08.2021 ба муассисаи таълимӣ барои ҳуҷҷатсупорӣ ҳозир шавед! Маълумоти бештар дар кабинети инфиродӣ.”

2.“№ назоратӣ: ХХХХХХХХХХХХХ. Даъватнома: ХХХХХХ. Натиҷаи озмуни тақсимот: Шумо аз рӯи ягон интихобатон НАГУЗАШТЕД ва метавонед дар озмуни тақсимоти такрорӣ иштирок намоед. Барои ин бояд аз 11 то 14 августи соли 2021 аз нав аз қайд гузаред. Маълумоти бештарро метавонед аз сомонаи расмии ММТ (www.ntc.tj) дастрас кунед.”

Тавре ки зикр гардид, маълумоти муфассал дар бораи натиҷаҳои озмуни тақсимот дар кабинети инфиродии ҳар як довталаб гузошта мешавад. Агар дар бахши “Натиҷаи тақсимот”-и кабинети инфиродии довталаб матни “Шумо аз рӯи интихоби № n гузаштед!” дарҷ гардида бошад (ранги пасманзар (фон)-и он сабз аст), пас, довталаб дар озмуни тақсимот ба муассисаҳои таълимӣ мувофиқи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш комёб гардидааст. Дар ҷадвал комбинатсияи ихтисоси дахлдор, бали гузариш аз рӯйи он ва бали бадастовардаи довталаб нишон дода мешаванд.

Агар дар бахши “Натиҷаи тақсимот”-и кабинети инфиродии довталаб матни “Шумо аз рӯйи ягон комбинатсияи ихтисоси интихобкардаатон нагузаштед! Имкони дар тақсимоти такрорӣ иштирок карданро доред. Барои ин бояд аз 11-ум то 14-уми августи соли 2021 дар яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ аз нав аз қайд гузаред.” дарҷ гардида бошад (ранги пасманзар (фон)-и он сурх аст), ин чунин маъно дорад, ки довталаб дар озмуни тақсимоти асосӣ аз рӯйи ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш комёб нагардидааст.

Инчунин, дар бахши “Натиҷаи тақсимот”-и кабинети инфиродии довталабе, ки бинобар соҳиб нашуданаш ба холҳои гузариш аз як ё якчанд субтести қисми А ё Б ва ё қисми В ё Г ба озмуни тақсимот роҳ наёфтааст, матни “Шумо ба озмуни тақсимот роҳ наёфта будед” нишон дода мешавад, ки ранги пасманзар (фон)-и он сурх аст.

Довталабоне, ки тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ ба муассисаҳои таълимӣ мувофиқи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон комёб гардидаанд, бояд на дертар аз 5 август ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дахлдор ҳозир шуда, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ки рӯйхати онҳо дар зер оварда мешавад, ба комиссияи қабули он муроҷиат намоянд. Дар сурати бо сабаби узрнок дар муҳлати муқарраргардида имконнопазир будани ҳозиршавии довталаб ба муассисаи таълимӣ довталабро зарур аст, ки қаблан то 5 август муассисаи таълимиро дар ин хусус тавассути намояндаи худ хабардор карда, ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намояд.

Аз 24 июл раванди пешниҳоди рӯйхатҳои довталабони тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ ба муассисаҳои таълимӣ мувофиқи комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардаашон комёбшуда ба муассисаҳои таълимии дахлдор оғоз мегардад.

Довталабони ба озмуни тақсимот роҳёфтае, ки тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ аз рӯйи ягон комбинатсияи ихтисоси интихобкардаашон комёб нагардидаанд, ҳуқуқи иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ доранд. Рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои дорои ҷойҳои холӣ, ки барои озмуни тақсимоти такрорӣ пешниҳод мегардад, баъд аз анҷоми муҳлати ҳуҷҷатсупории довталабони дар озмуни тақсимоти асосӣ комёбшуда дар муассисаҳои таълимӣ омода ва дар сомонаи Марказ гузошта мешавад. Вобаста ба ин, ба довталабони дар озмуни тақсимоти асосӣ комёбнагардида тавсия дода мешавад, ки ҷиҳати шинос шудан бо рӯйхати мазкур, инчунин тартиби озмуни тақсимоти такрорӣ мунтазам эълону хабарҳои сомонаи Марказро хонанд. Инчунин ба довталабони дар озмуни тақсимоти асосӣ комёбнагардида рӯзҳои наздик дар бораи кадом рӯз дар кадом нуқтаи бақайдгирӣ ҳозир шуданашон паёмак (SMS) фиристода мешавад.

ТАВАҶҶУҲ! Мувофиқи тартиби муқарраргардида, дар сурати то 5 август ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дахлдор ҳозир нашудани довталаб ва ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод накарданаш ӯ аз ҳуқуқи қабул шудан ба муассисаи таълимӣ маҳрум мегардад ва ҷойҳои аз ин ҳисоб холимонда дар озмуни тақсимоти такрорӣ пешниҳод карда мешаванд. Чунин довталаб дар озмуни тақсимоти такрорӣ ҳуқуқи иштирок надорад.

Тақсимоти довталабон бо дарназардошти балҳои бадастовардаю интихобҳои онҳо ва нақшаи қабули донишҷӯён ба таври худкор тавассути системаи иттилоотии “Довталаб”, яъне бе дахолати омили инсонӣ гузаронида мешавад. Бо тартиби тақсимоти довталабон ба муассисаҳои таълимӣ тибқи комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардаашон метавон аз сомонаи Марказ шинос шуд.

ТАВАҶҶУҲ! Тавре ки борҳо гуфта шудааст, роҳ ёфтан ба озмуни тақсимот ҳанӯз маънои комёб шудани довталабро ҳадди ақал тибқи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш, яъне донишҷӯ шудани ӯро надорад ва дар озмуни тақсимот имкон дорад, ки довталаби нисбат ба дигарон бали камдошта, ки комбинатсияи ихтисос(ҳо)-и нишондиҳандаи озмунаш баландро интихоб кардааст, комёб нагардад.

Агар довталаби ба озмуни тақсимот роҳёфта тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ комёб нагардида бошад, имкон дорад, ки аз рӯйи комбинатсияи ихтисосҳои муассисаҳои таълимӣ, ки баъди озмуни мазкур дар онҳо ҷойҳои холӣ боқӣ мондаанд, иштирок намояд. Озмуни тақсимоти такрорӣ низ дар асоси бали аз имтиҳонҳо бадастовардаи довталаб, яъне бе супоридани имтиҳон баргузор мегардад. Барои иштирок дар ин озмун довталабон бояд дар нуқтаҳои бақайдгирӣ аз нав ба қайд гирифта шаванд. Барои азнавбақайдгирӣ ҷиҳати иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ дар заминаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии баъзе аз шаҳру ноҳияҳо нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкил карда мешавад. Ҳангоми азнавбақайдгирӣ довталабон имкон доранд, ки дар доираи ихтисосҳое, ки тибқи онҳо ҷойҳои холӣ мавҷуданд, то 12 комбинатсияи ихтисосҳоро интихоб намоянд.

Дар бинои дафтари Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшҳои минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳон, робита бо ҷомеа ва таъминоти иттилооти Марказ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Хоруғ ва Панҷакент ва ноҳияи Рашт, инчунин муассисаҳои таълимии шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияи Данғара, ки нишонии онҳо дар зер нишон дода шудааст, аз 24 то 26  июл нуқтаҳои иттилоърасонӣ амал мекунанд. Дар зарурат довталабон метавонанд вобаста аз макони зисташон ба яке аз ин нуқтаҳои иттилоърасонӣ муроҷиат карда, дар бораи натиҷаҳои имтиҳонсупории худ маълумот гиранд.

Довталабон имкон доранд, ки дархост ё саволҳои худро ба нишонии почтаи электронии Марказ (office@ntc.tj) низ пешниҳод намоянд.

Ҳуҷҷатҳои зарурие, ки довталабони дар озмуни тақсимот муваффақгардида бояд ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии дахлдор пешниҳод намоянд, инҳоянд:

1) ариза ба номи ректор/директори муассисаи таълимӣ;

2) ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот (диплом ё аттестат);

3) маълумотномаи тиббӣ (шакли 038-у);

4) 6 дона сурат (андозаи 3х4см);

5) маълумотнома аз ҷойи зист;

6) шиноснома (асл ва нусха) ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият бо сурат, ки мақоми ваколатдори давлатӣ  додааст (шаҳодатнома дар бораи таваллуд барои довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ – синфи 9-ум);

7) билети ҳарбӣ (агар дошта бошад) ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда (барои мардон);

8) нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (агар собиқаи корӣ дошта бошад).

Нишонии нуқтаҳои иттилоърасонӣ

  1. Душанбе– Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

— шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192;

— телефонҳо: 224 53 68, 224 53 73, 224 53 67, 224 53 66.

  1. Хоруғ –бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳон, робита бо ҷомеа ва таъминоти иттилооти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

— вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ, кӯчаи Шоҳқирғизов, 11 (Муассисаи таълимии давлатии “Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон”);

— телефон: 915-20-72-29, 915-28-00-55.

  1. Панҷакент – бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳон, робита бо ҷомеа ва таъминоти иттилооти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

— вилояти Суғд, шаҳри Панҷакент, кӯчаи Лоиқ Шералӣ, 105;

— телефон: 915-63-51-00, 917-06-10-05.

  1. Рашт – бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳон, робита бо ҷомеа ва таъминоти иттилооти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

— ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 79;

— телефон: 919-78-54-64, 911-11-07-43.

  1. Хуҷанд – бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳон, робита бо ҷомеа ва таъминоти иттилооти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

— вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Мадади Сино, 5 (маҳаллаи Бофанда (Шелкокомбинат));

— телефон: 915-98-00-49.

— телефон: 551-55-07-17, 777-11-07-06.

  1. Бохтар – муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 12-и ба номи Анварбек Ҳамидов:

— вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар, кӯчаи Дзержинский, 17;

— телефон: 777-07-77-26, 935-44-95-05.

  1. Кӯлоб – муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ба номи Сафармуҳаммад Аюбӣ:

— вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 40;

— телефон: 915-57-90-77, 985-01-82-09.

  1. Данғара – литсейи тамоюли техникии ба номи Афлотун:

— вилояти Хатлон, ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ;

— телефон: 939-32-55-65, 553-55-95-52.

 

АКС аз бойгонӣ

Июль 26, 2021 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Риёз ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон баррасӣ шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба пешгирии никоҳи бармаҳал ва ҷалби духтарон ба касбомӯзӣ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ба Хушомад Алидодов ва «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» ба Дилдора Азимова дода шуд
Ҳунармандони шаҳри Кӯлоб дар озмуни «Ҳунарманди сол» сазовори баҳои баланд гардиданд
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Аз сардиҳои фасли зимистон худро эҳтиёт намоед
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҷайҳун бинои баландошёнаи истиқоматӣ ва шуъбаи маориф ба истифода дода шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Фаронса дар вохӯрии шарикони рушди ҷаҳонӣ иштирок намуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
Дар ноҳияи Рашт китобхона ва бунгоҳи тиббӣ сохта ба истифода дода шуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
САФАРАТОН БОБАРОР ВА БЕХАТАР БОД! Тавсияҳои IRS ба ронандагон вобаста ба фаро расидани мавсими сармо