ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар шаҳри Душанбе рӯзона ҳаво 37+39 дараҷа гарм мешавад.
ДУШАНБЕ, 13.07.2021 /АМИТ “Ховар”/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона 37+39 дараҷа гарм мешавад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 13+18 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 4+9 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 дараҷа гарм ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Дар ноҳияҳои алоҳида чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 20+25 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 дараҷа ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 14+19 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 21+23 ва рӯзона 37+39 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд






