Ҳоким Холиқзода: Рушди иқтисодиёти Тоҷикистон муътадил арзёбӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 22.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон аз муътадил арзёбӣ гардидани рушди иқтисодиёти Тоҷикистон дар шашмоҳаи якуми соли равон хабар медиҳад. Гуфта мешавад, ки дар шаш моҳи соли равон Маҷмӯи маҳсулоти дохилии номиналии ҷумҳурӣ 40,0 миллиард сомонӣ ва афзоиши воқеии он 8,7 фоизро ташкил дод, ки рушди рушди воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,2 банди фоизӣ зиёд мебошад.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода имрӯз дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти БМТ дар зарфи соли равон гуфт, ки афзоиши ММД аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ беш аз 24 фоиз, сохтмон зиёда аз 22 фоиз, гардиши савдои чакана 17,1 фоиз, хизматрасониҳои пулӣ беш аз 16 фоиз ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ зиёда аз 8 фоиз ҳосил гардидааст. Инчунин дар ин давра сатҳи таваррум 3,9 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,4 банди фоизӣ паст мебошад. Ҳоким Холиқзода афзуд, ки нишондиҳандаи мазкур асосан аз ҳисоби тағйирёбии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 5,1 фоиз, молҳои ғайрихӯрокворӣ 3,1 фоиз ва хизматрасониҳои пулӣ ба аҳолӣ 1,6 фоиз ба амал омад.
Дар нишасти матбуотӣ зикр шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар ин давра бо мақсади нигоҳ доштани сатҳи муътадили нархҳо ва равани танзими ҳаҷми пул сиёсати мутавозуни пулию қарзиро тавассути механизму фишангҳои худ ҷиҳати маҳдуд сохтани таъсири омилҳои монетарӣ ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ амалӣ намуд. Аз ҷумла, меъёри бозтамвил ҳамчун фишанги асосии сиёсати пулию қарзӣ ҷиҳати анҷом додани амалиёти монетарӣ дар асоси дурнамои таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёт бо назардошти афзоиши фишорҳо, интизориҳои таваррумӣ дар ин давра тадриҷан 1,25 банди фоизӣ зиёд карда шуда, дар сатҳи 12,0 фоизи солона муқаррар гардид.








Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад






