Покистон барои соли таҳсили 2021-2022 ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар зинаҳои бакалавриат, магистратура, доктор PhD бурсияҳои таҳсилӣ ҷудо намуд
ДУШАНБЕ, 11.07.2021/АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Ҷумҳурии Исломии Покистон барои соли таҳсили 2021-2022 аз рӯи ихтисосҳои муҳандисӣ, хоҷагидорӣ, физика ва илмҳои табиатшиносӣ дар зинаҳои бакалавриат, магистратура, доктор PhD бурсияҳои таҳсилӣ ҷудо намудааст. Дар ин бора аз Муассисаи мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Довталабони зинаи бакалавр бояд 12-сола маълумоти таҳсилоти миёнаи умумӣ дошта бошанд. Он давталабе, ки бурсияи зинаи бакалавро соҳиб мегардад, чунин имкониятро даст меорад: таҳсилу хобгоҳ ройгон, идрорпулӣ -120 000 рупия, пардохт барои китоб дар 1 сол 10 000 рупия, пардохти чипта 1 бор (рафту омад) ва стипендия.
Довталабони зинаи магистр бояд дипломи хатми бакалавриат пешниҳод намоянд. Барои зинаи магистр стипендия, таҳсилу хобгоҳ ройгон, идрорпулӣ -144 000 рупия, пардохт барои китоб дар 1 сол 20 000 рупия ва пардохти чипта 1 бор (рафту омад) муқаррар гардидааст.
Довталабони зинаи доктор PhD бояд 18 -сола маълумоти таҳсили дошта бошанд (12 сол маълумоти таҳсилоти миёна, 4 -сола маълумоти олии нопурра (бакалавр) ва 2 сол маълумоти таҳсилоти олии зинаи магистратура. Ба довталабони зинаи доктор PhD стипендия, таҳсили ройгон, хобгоҳи ройгон, идрорпулӣ -144 000 рупия, пардохт барои китоб дар 1 сол 20 000 рупия ва пардохти чипта 1 бор (рафту омад) пешниҳод гардидааст.
Таҳсил дар донишгоҳҳои Ҷумҳурии Исломии Покистон ба забони англисӣ бароҳмонда шудааст, аз ин рӯ донистани забони англисӣ ва доштани сертификатаҳои TOEFL ва IELTS ҳатмист.
Барои ба даст овардани бурсияҳо ҳуҷатҳои зерин: нусхаи аттестати муассисаи таълимӣ, дипломи бакалавриат, дипломи магистратура бо замимаи баҳоҳо дар шакли хаттӣ ва электронӣ бо тарҷумаи забони англисӣ, нусхаи сертификатҳои TOEFL ва IELTS дар шакли хаттӣ ва электронӣ, номаи ҳавасмандӣ бо забони англисӣ (барои довталабони магистр ва доктор PhD) талаб карда мешавад.
Довталабон метавонанд то 31 июли соли равон ҳуҷҷатҳои лозимаро ба суроғаи Маркази барномаҳои байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи М.Турсунзода 47 пешниҳод намоянд ё тариқи телефони 2-23-23-59 тамос гиранд.
Акс аз бойгонӣ








«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд






