Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ аз кӯҳнавард Виталий Хинензон даъват намуд, ки дар омода намудани кӯҳнавардон саҳм гузорад
ДУШАНБЕ, 09.07.2021/АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода бо кӯҳнавард Виталий Хинензон, нахустин тоҷикистоние, ки рӯзи 1 июни соли равон Ҷомолунгма (Эверест), баландтарин нуқтаи сайёраро фатҳ кард, вохӯрӣ намуд. Раиси Кумита парафшон кардани парчами Тоҷикистонро дар қуллаи Эверест дастоварди муҳим арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки муаррифии кишвари азизамон дар чунин қуллаи баланд боиси зиёд шудани шумораи ҳаводорони сайру саёҳат ба Ватани биҳиштосоямон мегардад.
Зикр гардид, ки дар зарфи солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи сайёҳӣ, бахусус густариши саёҳати варзишӣ — кӯҳнавардӣ таваҷҷуҳи махсус дода шуда, корҳои зиёд ба анҷом расонида шуданд.
Таҳия ва қабули стратегияву барномаҳои миёнамуҳлати рушди сайёҳӣ, фароҳам овардани шароити муосир барои рушди сайёҳӣ, бахусус барои ширкатҳои сайёҳӣ додани имтиёзҳо бо мақсади рушди инфрасохтори сайёҳӣ аз иқдомҳои дурандешонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди сайёҳӣ, бахусус кӯҳнавардӣ дар кишварамон мебошанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи кишварҳое меистад, ки метавонад аз намуди сайёҳии кӯҳӣ даромади зиёд ба даст орад, зеро 93 фоизи қаламрави мамлакатро кӯҳҳо ташкил кардаасту табиати такрорнашаванда дорад.
Сайёҳии кӯҳнавардӣ нисбат ба дигар соҳаҳои фаъолияти сайёҳӣ яке аз соҳаи афзалиятнок ва пешқадам ба ҳисоб меравад. Саёҳат ба мамлакатҳои куҳсор таваҷҷӯҳи сайёҳонро бештар ба худ ҷалб мекунад. Сайёҳон дар ҳамешагӣ намуди сайёҳии фаъолро аз ќабили сайёҳии саргузаштӣ, трекинг, алпинизм, сайёҳии кӯҳӣ ва рафтингро интихоб мекунанд.
Тоҷиддин Ҷӯразода Виталий Хинензонро даъват намуд, ки бо дарназардошти таҷрибаи бойи худ дар самти кӯҳнавардӣ дар омода кардани мутахассисони ҷавон ва муаррифии назокату зарфиятҳои табиати кӯҳсори кишвар бо Кумита ва ассотсиатсияву ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ҳамкории амалӣ намояд.
Ин сайёҳи кӯҳнавард таҷрибаи беш аз 20 — сола дошта, қуллаи Исмоили Сомонӣ ва дигар қуллаҳои маъруфи дохил ва хориҷи кишварро фатҳ кардааст.
Акс аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ








САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Рушди ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Британияи Кабир баррасӣ гардид
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба радифи донишгоҳҳои беҳтарини ҷаҳон дохил гардид
Таҳкими ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ТИКА баррасӣ карда шуд
Соли 2025 табиати афсонавӣ ва чашмаҳои шифобахши Бадахшонро беш аз 51 ҳазор сайёҳ тамошо намуданд
Дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
BEST IN TRAVEL 2026. Тоҷикистон ба феҳристи «25 таҷрибаи беҳтарини сайёҳӣ дар соли 2026» ворид гардид






