Сафири Тоҷикистон дар Белгия бо Намояндаи вижаи ИА оид ба Осиёи Марказӣ мулоқот намуд

Июль 10, 2021 10:03

ДУШАНБЕ, 10.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 8 июл дар Брюссел Сафир,  Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо Эркинхон Раҳматуллозода Намояндаи вижаи ҷадиди Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ хонум Терҳи Ҳакаларо ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Сафир Намояндаи вижаро ба муносибати ба иҷрои вазифаҳои нав оғоз намуданаш табрик гуфта, барояш дар роҳи татбиқи Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ ва нақшаҳои созанда дар самтҳои гуногуни ҳамкорӣ комёбиҳо орзу кард.

Дар мулоқот пиромуни чорабиниҳои қарибулвуқӯи ИА ва ОМ – Конфронси байналмилалии Тошканд дар мавзӯи иттисолоти минтақавӣ, Форуми иқтисодии Бишкек, Форуми ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Қазоқистон, вохӯрии вазирони корҳои хориҷии ИА ва ОМ дар Душанбе мубодилаи  афкор сурат гирифт.

Ҷонибҳо дар масоили тавсеа ва таъмиқи ҳамкории оянда ба мувофиқа расиданд.

АКС аз ВКХ ҶТ

Июль 10, 2021 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Сироҷиддин Муҳриддин бо раиси иҷлосияи 81-уми Маҷмаи умумии СММ мулоқот намуд
Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Сандуқи кувайтӣ барои рушди иқтисодии арабӣ баррасӣ шуд
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон дар Ню-Йорк мулоқот намуданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ мулоқот намуд
Созишнома оид ба бекор кардани талаботи раводид байни Тоҷикистон ва Сейшел ба имзо расид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири нақлиёт ва инфрасохтори Туркия мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк вохӯрии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ доир шуд
Ҳамкории мутақобили судманд байни Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо намояндагони ҷомеаи тоҷикон дар шаҳри Ню-Йорк вохӯрӣ намуд
Дар шаҳри Риёз омодагӣ ба ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Роҳбари Миссияи кумаки Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон мулоқот намуд