Тоҷикистон дар миқёси ИДМ зинаи баландтаринро касб намуд

Июль 28, 2021 15:29

ДУШАНБЕ, 28.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз  афзоиш ёфтани суръати истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар кишвар дар соли равон хабар медиҳад.

Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шералӣ Кабир имрӯз дар Душанбе дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки  тибқи маълумоти омори расмӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  дар шаш моҳи соли равон аз лиҳози афзоиши суръати истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, ки 21,5 фоизро ташкил медиҳад, зинаи баландтаринро касб намудааст. Дар ин раддабандии суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ баъд аз Тоҷикистон Беларус  ва Молдова бо зиёда аз 11-фоизӣ ва Узбекистон бо 8,2 фоиз қарор доранд. Инчунин тибқи  маълумот,  суръати афзоиши  истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Чин дар шаш моҳи соли равон 15,9 фоизро ташкил додааст.

Шералӣ Кабир афзуд, ки дар шашмоҳаи аввали соли равон ҳаҷми истеҳсоли  маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон  ба зиёда аз 16,6 миллиард сомонӣ  расонида шуд, ки суръати  афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 123, 4 фоизро ташкил дод. Он ба маблағи  беш аз 3,5 миллиард сомонӣ  зиёд мебошад. Ҳиссаи соҳаҳо  дар таркиби ҳаҷми  истеҳсоли маҳсулоти  саноатӣ дар шашмоҳаи аввали соли равон 33,2 фоиз ба саноати маъдан, 24 фоиз ба электроэнергия, беш аз 18 фоиз ба саноати хӯрокворӣ, 4,6 фоиз ба  саноати сабук, 9 фоиз ба саноати  сохтмон, 7 фоиз ба саноати мошинсозӣ, 0,8 фоиз ба саноати ангишт, 0,6 фоиз ба саноати табъу нашр ва  0,4 фоиз ба саноати нафту газ  рост меояд.

 

АКС аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 28, 2021 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

«Alvarez & Marsal Middle East» ба низоми бонкии Тоҷикистон хизматрасонии машваратӣ пешниҳод менамояд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Малайзия дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи фанноварии иттилоотӣ муҳокима гардид
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Идораи патентии Авруосиёӣ мулоқот намуд
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор баррасӣ шуд
Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон соли 2023 ба маблағи беш аз 445 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
Дар Тоҷикистон зиёда аз 8 ҳазор ихтирооти давлатҳои гуногуни ҷаҳон ҳифз мешаванд
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои «Moody’s Investors Service» ва «De La Rue» масъалаи ҳамкориро баррасӣ намуд
Дурнамои макроиқтисодӣ бо назардошти номуайяниҳо дар бозори молиявӣ дар форуми Вашингтон баррасӣ гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварон баргузор мешавад
РОҲ БА УҚЁНУСИ ҲИНД. Дар Теҳрон ҳайатҳои Тоҷикистон ва Эрон оид ба истифодаи бандари «Чобаҳор» гуфтушунид анҷом доданд
Кишоварзони шаҳри Турсунзода зиёда аз 370 тонна маҳсулоти барвақтии гармхонаҳоро ба аҳолӣ пешниҳод намуданд
Пиетро Салини: «Дар Италия бисёр ширкатҳое ҳастанд, ки мехоҳанд бо Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ намоянд»