Сулаймон Зиёзода: Кишти такрории зироати кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,7 фоиз зиёд аст

Июль 12, 2021 16:10

ДУШАНБЕ, 12.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Барои самаранок ва оқилона истифода намудани заминҳои корами обӣ ва гирифтани 2-3 ҳосил хоҷагиҳои деҳқонӣ то оғози моҳи июли имсол дар майдони 62 ҳазору 495 гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузарониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1937 гектар ё 2,7 фоиз зиёд мебошад. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ  Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода иброз намуд.

Мавсуф гуфт, ки имсол нисбат ба соли 2020 дар ҷумҳурӣ кишти зироати ғалладонагӣ, картошка ва сабзавот зиёд аст. Барои гирифтани ҳосили фаровон ва дастрасӣ ба тухмиҳои хушсифат, ки ба тағйирёбии иқлим мувофиқанд, Вазорати кишоварзии мамлакат бо маблағҳои грантии ҷалбшудаи Бонки Рушди Осиё оид ба «Барномаи вокуниши фаъол ба пандемияи коронавирус (COVID – 19) ва дастгирии қисми хароҷоти буҷет» мувофиқи дархости хоҷагиҳо дар асоси шартномаи тарафайн барои кишти тирамоҳии соли 2020  аз Федератсияи Россия ба миқдори 737 тонна гандуми тухмии гурӯҳи элита, аз ҷумла навъҳои «Московская-56»- 469 тонна, «Московская-39»- 201 тонна ва «Мироновская-808»- 67 тонна ворид намуд, ки кишоварзон аз он ҳосили фаровон ба даст оварданд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки бо тавсияи мутахассисони соҳа аз ҷониби ташкилоти байналмилалӣ ба ҷумҳурӣ 38,3 тонна гандуми тухмии навъи «Московская-39»- гурўҳи элита ва 412,5 тонна картошкаи тухмии гурӯҳи элита ва репродуксияи якуми навъҳои «Элмундо», «Левентбей», «Муратбей», «Ном», «Нигшаҳ», «Онаренг», «Саруҳон», «Бигроза» ва «Ред-Скарлет», «Пикассо» ва ба миқдори 66 тонна чигити тухмии навъҳои «Султон» ва «Бухоро-102» барои такрористеҳсолкунӣ аз хориҷи кишвар ворид карда шудаанд.

Сулаймон Зиёзода зикр дошт, ки «Вазорати кишоварзии мамлакат кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки сокинонро бо маҳсулоти кишоварзӣ пурра таъмин намояд. Дар баробари ба бозори истеҳсолӣ баровардани маҳсулоти табиии кишоварзӣ ба содироти он низ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Тибқи маълумоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар 6 моҳи соли 2021 аз ҷумҳурӣ ба дигар давлатҳо 110,2 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,8 ҳазор тонна зиёд мебошад».

Дар ҷараёни нишаст зикр гардид, ки айни замон лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ниҳолпарварӣ», лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи хок» барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардидаанд.

Июль 12, 2021 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд