Вазири корҳои дохилӣ бо варзишгарони дастаи мунтахаби шиноварии Тоҷикистон вохӯрӣ намуд

Июль 13, 2021 11:30

ДУШАНБЕ, 13.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 12 июл Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода, ки ҳамзамон Раиси Федератсияи шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, бо намояндагони дастаи мунтахаби мамлакат оид ба шиноварӣ ва варзишгароне, ки ба  Олимпиадаи батаъхирафтодаи шаҳри Токиои Япония-2020 роҳхат гирифтаанд, суҳбат намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» итттилоъ доданд.

Дар мулоқот котиби генералии Федератсияи шиноварии ҷумҳурӣ Муҳаммадшо Абдуллозода, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба шиноварӣ Муҳаммад Табаров ва варзишгарони шиновар Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишанов, ки барои  иштирок дар Олимпиадаи Япония — 2020 роҳхат гирифтаанд, ширкат доштанд.

Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода варзишгаронро ба омодагии ҷиддӣ дидан ва дар сатҳи баланд нишон додани маҳорату малакаи касбии хеш дар ин мусобиқаи муҳими варзишии сатҳи ҷаҳонӣ ҳидоят намуд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки варзишгарони шиновари кишварамон дар олимпиада сазовор баромад намуда, бо ишғоли мақомҳои ифтихорӣ номбардори давлату Ватани хеш мегарданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ варзишгарон аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ бо маблағҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

 

АКС аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 13, 2021 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5751 то 9.6000 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 апрел, сешанбе, 97-умин рӯзи соли 2026 аст
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид