Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон забҳхонаи Комплекси агросаноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мармарӣ»-ро дар шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 28.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. 28 август дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ забҳхонаи Комплекси агросаноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мармарӣ”-ро ифтитоҳ карданд.
Забҳхона дар масоҳати 1,7 гектар бунёд гардида, аз биноҳои маъмурӣ, истеҳсолӣ ва иншооти ёрирасони муосир иборат мебошад.
Инчунин дар ҳудуди забҳхона бо риояи ҳама талаботи санитарӣ-эпидемиологӣ инфрасохтори муҳандисӣ, аз қабили хатти оби нӯшокӣ ва техникӣ, хатти қувваи барқ, коррезӣ ва селпарто гузаронида шудааст.
Бинои истеҳсолӣ аз ҷойи қабули паранда, коргоҳи забҳ ва кандани парҳо, шустан ва хунук кардани гӯшти паранда, коргоҳи ба қисмҳо ҷудо кардани паранда ва банду баст, сардхонаҳои махсуси яхкунандаи гӯшт ва сардхона-анборхонаҳо бо нигоҳдории маҳсулот то 18 дараҷа хунукӣ иборат мебошад.
Мавриди зикр аст, ки ҷараёни забҳ бо тарзи ҳалол сурат мегирад.
Таҷҳизоти забҳкунанда аз ширкатҳои аврупоӣ ва чинӣ, ки дар бозори кишварҳои ҷаҳон мақоми хос доранд, харидорӣ карда шуда, асбоби забҳкунанда аз пӯлоди махсус, ки барои соҳаи хӯрокворӣ истифода мешавад, омода карда шудааст.
Бо мақсади муайян намудани сифати маҳсулот лабораторияи махсус ташкил карда шудааст, ки дар рафти корҳои забҳкунӣ ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз рӯи сифат, намуд, андоза ва дигар нишондиҳандаҳои зарурӣ назорату корбарӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар ниҳояти истеҳсолот маҳсулоти тайёр ва маҳсулоти банду бастшуда дар сардхонаҳои махсус ҷой дода мешаванд.
Бори аввал дар забҳхона сардхонаи яхбандии амиқи ҳалқапеч васлу насб гардида, дар айни замон дар кишвар беназир ба ҳисоб меравад. Сардхонаи мазкур дар ҳарорати 40 дараҷа хунукӣ фаъолият намуда, қисмҳои парандаро бо иқтидори 3 ҳазор килограмм дар 1 соат то 18 дараҷа хунук менамояд. Таҷҳизоти сардхонаҳо аз ширкати бонуфузи чинии “СиБиЭфАй” (“CBFI”) харидорӣ гардидааст.
Ин таҷҳизот имкон фароҳам меорад, ки гӯшти паранда сифат ва ғизонокии худро гум накунад, зеро дар муддати кӯтоҳ яхкунонида мешавад. Инчунин бартарияти таҷҳизоти мазкур дар он аст, ки фаъолияти он пурра ба таври автоматӣ ба роҳ монда шудааст.
Баъд аз анҷом ёфтани раванди истеҳсолот маҳсулоти тайёри ниҳоӣ дар 2 сардхона-анборҳо, ки ҳарорати дохили онҳо 18 дараҷа хунук мебошад, то ба фурӯш баровардан нигоҳдорӣ карда мешаванд.
Иқтидори се сардхона-анборҳои дар забҳхона бунёдгардида 10, 150 ва 300 тоннаро ташкил медиҳад. Дар ин ҷо маҳсулоти истеҳсолшуда дар муддати дароз аз рӯи меъёрҳо нигоҳдорӣ карда мешавад.
Барои мунтазам фаъолият намудани забҳхона беш аз 15 техника ва механизмҳои махсус кор фармуда мешаванд, ки меҳнати кормандонро сабуктар менамояд.
Ҳаҷми умумии маблағи бунёди забҳхона 51 миллион сомониро ташкил дода, дар доираи фаъолияти забҳхона 100 ҷойи кории нав таъсис ёфтааст.
Коргарон бо шароити хуби корӣ, бахусус маоши сазовор, ошхона, либосҳои корӣ, ҷой барои истироҳат таъмин мебошанд.
Дар баробари бунёди коргоҳ роҳбарият ҷиҳати пешбурди корҳои ободонии атроф ва дохили забҳхона чораҷуӣ карда, дарахтҳои ҳамешасабз ва ороишӣ шинонидаанд.
Бори дигар ёдовар мешавем, ки фаъолияти Комплекси агросаноатии мурғпарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мармарӣ” идомаи занҷираи арзиши иловашудаи ширкат буда, мутобиқ ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат, бахусус таъмини аҳолӣ бо ғизои хушсифат ва саноатикунонии босуръати кишвар бунёд шудааст.
Ин тадбир ҳамчунин ҷиҳати ғанигардонии бозори истеъмолии пойтахт бо маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаи гӯшти парҳезӣ амалӣ гардидааст.
Бояд гуфт, ки бо бунёди комплекси агросаноатии мурғпарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мармарӣ” дар ноҳияи Данғара ва шаҳри Душанбе 270 нафар бо кори доимӣ таъмин гардид.
Баъди шиносоӣ бо фаъолияти ширкат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва соҳибкорони ватандӯст барои бунёди чунин коргоҳи муосир, дастгирии ташаббусҳои созандаи Ҳукумати мамлакат ва ташкили ҷойҳои нави корӣ изҳори сипос карданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоиро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсиониро дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғдро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкинро баъд аз навсозӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар боғчаи бачагонаи «Кайҳон»-и шаҳри Конибодом атраксионҳои нав ба истифода дода шуданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд






