ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Ба шарафи ҷашни миллӣ дар Роғун 113 иншоот ба истифода дода шуданд
РОҒУН, 27.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ташаббуси соҳибкорону шахсони саховатпеша ва саҳми аҳолию дастгирии мақомоти иҷроия дар ҳудуди шаҳри Роғун бунёди 145 иншооти мухталиф ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 113 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» бо такя ба маълумоти мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳр Абдулмумин Худойдодов.
Зикр шуд, ки дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ муташаккилона идома доранд. Аз 145 иншооти нақшавӣ 15 адад ба соҳаи маориф, 7 иншоот ба соҳаи тандурустӣ, 10 иншоот ба соҳаи фарҳанг, 9 иншоот ба соҳаи варзиш, 7 иншоот ба соҳаи кишоварзӣ, 19 иншоот ба соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ рост омада, 8 адад корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ ва 4-то ҳаммом ва кошонаи ҳусн мебошанд. То имрӯз дар ҳамаи иншооти ба истифода дода шуда 1079 ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ муҳайё карда шудааст.
Тибқи иттилои масъулини ҳукумати шаҳри Роғун, моҳи сипаригардида дар доираи чорабиниҳои идона бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҳаллаи Ёли гармобаи Ҷамоати деҳоти Қади об кошонаи ҳусн ва мағозаи хӯрокворӣ, дар маҳаллаи Майдони нави шаҳри Роғун Маркази ҳунарҳои мардумӣ, коргоҳи дӯзандагӣ ва дорухона, дар деҳаи Ҷавонӣ маркази хизматрасонӣ, иборат аз кошонаи ҳусн, мағоза, нуқтаи шустушӯйи мошин ва таъмири нақлиёт мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, 2 километр роҳи деҳаи Ҷавонӣ бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ асфалтпӯш карда шуд.
Аксҳо аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун










«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи варзишии «Суғд-арена»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоиро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсиониро дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғдро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкинро баъд аз навсозӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ташриф оварданд






