ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Хатлон 511 корхонаю коргоҳи нав таъсис ёфтааст
ДУШАНБЕ, 24.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон 511 адад корхонаю коргоҳи нав таъсис дода шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.
Ҳамчунин дар ҳафт моҳи соли равон 52 адад корхона ва коргоҳи нави соҳаи саноат бо 469 адад ҷойи кор таъсис дода шуданд.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 4 миллиарду 970,2 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 483 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар корхонаҳои саноатии вилоят 12844,6 тонна гӯшт ва каллапоча, 3788,5 тонна гӯшти мурғ ва 322,0 тонна ҳасибу ҳасибчаҳои гӯштӣ, 613,0 тонна маҳсулоти шири холис, 8403,0 тонна равғани растанӣ, истеҳсоли консерва – 10288,0 ҳазор қуттии шартӣ, коркарди намаки ошӣ – 6687,0 тонна, нон ва маҳсулоти нонӣ- 53419,8 тонна, маҳсулоти қаннодӣ – 843,9 тонна, обҳои ташнагишикан – 26306,5 декалитр, маҳсулоти макаронӣ – 137,0 тонна ва нахи пахта – 5903,2 тонна истеҳсол шудааст.
Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалишавии пай дар пайи чорабиниҳо оид ба рушди соҳаи саноат дар мамлакат ба афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатии минтақаҳои ҷумҳурӣ мусоидат намуд. Ин аст, ки суръати рушди соҳаи саноат дар вилояти Хатлон 107 фоизро ташкил додааст.
То 16 август аз вилояти Хатлон ба хориҷи кишвар 92354,9 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шуда, иҷрои дурнамо 97,2 фоиз таъмин гардид.
Аз ин миқдор 88119,8 тоннаро сабзавот, аз он 87983,3 тоннаро пиёз, 288,7 тоннаро маҳсулоти полезӣ, 3200,1 тоннаро мевагиҳо ва лимӯ, 4,5 тоннаро ангур ва 741,8 тоннаро дигар намуди маҳсулот ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2119,2 тонна зиёд мебошад.
АКСҲО аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон










СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид






