Дар Ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гармхонаҳои гидропоникӣ ва органикӣ фаъолият мекунанд

Август 17, 2021 10:18

ДУШАНБЕ, 17.08.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои парвариши токзор ду гармхона: гидропоникӣ ва органикӣ фаъолият мекунанд, ки таҷҳизоташон аз Кореяи Ҷанубӣ ворид гардидаанд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Дар Ҷамоати деҳоти Исмоил ангурпарварӣ шуғли даромадноки сокинон буда, дар майдони 200 гектар токзор мавҷуд аст. Айни замон дар ҷамоат беш аз 20 намуди ангур парвариш карда мешаванд, ки боғпарварон ба  ҷамъоварии ҳосил машғуланд.

Гармхонаи мазкур дар доираи ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат ташкил гардида, дар он маҳсулоти босифат парвариш карда мешавад.

Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои заруриву саривақтӣ тайи солҳои 1991-2020, яъне дар солҳои соҳибистиқлолӣ номгӯи асосии зироати кишоварзӣ бамаротиб зиёд карда шуд, ки ин омил барои дар амал тадбиқ намудани яке аз ҳадафҳои олии мамлакат – таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми назаррас мегузорад.

Барои равнақ додани боғу токпарварӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2010-2014 ва 2016-2020» қабул гардида, баҳри рушду такомули соҳа заминаи мусоид фароҳам овард.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Август 17, 2021 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд