Дар Бӯстон даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст шуд
ДУШАНБЕ, 12.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст гардида, Шоҳҷоизаи озмун насиби омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3 Замира Шукурова гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар медиҳад.
Дар ҷамъбасти озмун Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода аз раванди дастгириву пуштибонии ҳамешагии аҳли илму маърифат ва хонандагону донишҷӯён, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба илму донишомӯзӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд.
Мавсуф афзуд, ки таҳти сарпарастии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардидани озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм-фурӯғи маърифат»-ро далели дастгириҳои пайвастаи аҳли илму адаб маънидод намуд.
Сипас, муовини раиси шаҳр, раиси комиссияи шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Хуршед Сатторзода оид ба раванди баргузории даври дуюми озмуни мазкур ҳисобот дод. Гуфта шуд, ки аз даври аввал ба даври шаҳрӣ 145 нафар ғолибон номнавис гардида, дар даври шаҳрӣ 52 нафар ғолибият ба даст оварда, ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Ба ғолибони даври шаҳрӣ, омӯзгороне, ки барои омода намудани шогирдон саҳмгузорӣ намуданд бо мукофотҳои пулӣ ва сипосномаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
Мавриди зикр аст, ки баҳри иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» қарори раиси шаҳри Бӯстон қабул шуда, тибқи Низомнома моҳи май дар ташкилоту муассисаҳо ва моҳи июл дар сатҳи шаҳр озмуни мазкур доир гардид.
АКСҲО: МИҲД-и ш. Бӯстон










Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Моҳи апрел даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд






