Дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати нақлиёти автомобилӣ муваққатан қатъ мегардад
ДУШАНБЕ, 10.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки дар робита ба гузаронидани тамринҳои сафороӣ ва Паради ҳарбӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ (аз буриши кӯчаи Карамов то буриши кӯчаи Саъди Шерозӣ) аз 10 то 26 август ҳамарӯза аз соати 15:00 то соати 21:00 ва дар хиёбони Исмоили Сомонӣ (аз буриши хиёбони Рӯдакӣ то буриши хиёбони Абуалӣ ибни Сино) аз 27 август то 7 сентябри соли 2021 аз соати 18:00 то 23:00 қатъ мегардад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 9 августи соли 2021 ба имзо расид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд, ҳаракати автобусҳои хатсайрҳои №29, микроавтобусҳои №№19, 35 ва 58 тариқи кӯчаи Карамов, Низоми Ганҷавӣ ва ҳаракати автобуси хатсайри №22 ба воситаи хиёбони Рудакӣ ба роҳ монда мешаванд.
Аз ин лиҳоз, аз ронандагони ҳамагуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки аз кӯчаву хиёбонҳои ҳамшафат ба кӯчаи Ҳ.Шерозӣ ва хиёбони И.Сомонӣ истифода баранд.
АКС аз бойгонӣ








Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид






