Дар Душанбе ҷаласаи сеюми маъмурияти роҳҳои оҳани кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 19.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. 18 август таҳти раёсати Сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Комил Мирзоалӣ тариқи маҷозӣ (тавассути видеоконфронс) ҷаласаи сеюми роҳбарони идораҳои роҳи оҳани кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷаласа роҳбарон ва намояндагони маъмурияти роҳи оҳани кишварҳои узви СҲШ-Тоҷикистон, Узбекистон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Русия, инчунин Котиботи СҲШ иштирок намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ тарафҳо иҷрои қарорҳои ҷаласаи дуюми роҳбарони маъмурияти роҳҳои оҳани кишварҳои узви СҲШ-ро, ки 19 сентябри соли 2019 дар шаҳри Нур-Султон доир гардида буд, баррасӣ карданд.
Ҷонибҳо оид ба татбиқи Консепсияи ҳамкории маъмурияти роҳҳои оҳани кишварҳои узви СҲШ ва нақшаи кории ҷаласаи сарони маъмурияти роҳҳои оҳани кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай барои солҳои 2020-2022 мубодилаи афкор намуданд.
Ҳамчунин дар робита ба паҳншавии сирояти коронавируси COVID-19 ва боздоштани ҳамлу нақли мусофирон тавассути роҳи оҳан дар хатсайрҳои байналмилалӣ дар қаламрави кишварҳои узви СҲШ изҳори нигаронӣ карда шуд.
Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки чораҳои пешгирии паҳншавии сирояти коронавирусро дар амалисозии ҳамлу нақли байналмилалии мусофирон бо мақсади ҳарчи зудтар барқарор кардани онҳо тақвият диҳанд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар густариши ҳамкорӣ дар навсозии роҳи оҳан бо мақсади беҳтар намудани инфрасохтори онҳо тавассути ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкории мутақобила, табодули маълумот дар бораи самтҳои афзалиятноки сохтмон ва навсозии хатҳои роҳи оҳани мавҷуда, ки кишварҳои узви СҲШ -ро мепайванданд, мусоидат кунанд.
Дар мулоқот ҳамчунин таъкид гардид, ки баланд бардоштани самаранокии ҳамлу нақли мултимодалӣ аз ҳисоби такмили системаи ҳамкорӣ бо дигар намудҳои нақлиёт ва ташкили ҳамлу нақли бор, кам кардани арзиши интиқоли мол дар ҳамлу нақли байналмилалӣ, оптимизатсияи кори бор имконпазир аст.
Ҷонибҳо таъкид карданд, ки аз оғози паҳншавии сирояти коронавирус афзоиши ҳаҷми интиқоли бор дар қаторҳои контейнерӣ ба мушоҳида мерасад. Дар шароити душвор нақлиёти роҳи оҳан хуб кор мекунад ва дар таъмини субот ва эътимоднокии занҷираи истеҳсолот ва таъминот, аз ҷумла таҳвили молҳои зарурӣ ба ҳама минтақаҳои зарардидаи COVID-19 нақши муҳим дорад.
Ҷонибҳо таъкид карданд, ки таҷрибаи интиқоли мол дар ҳамлу нақли байналмилалӣ дар доираи СҲШ самаранокии истифодаи қаторҳои контейнериро, пеш аз ҳама, аз ҳисоби кам кардани муҳлати таҳвили молҳо нишон дод. Зарурати андешидани тадбирҳо оид ба зиёд кардани қаторҳои контейнерӣ дар ҳаракати байналмилалӣ қайд карда шуд. Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои рушди босифат, бехатар ва устувори ҳамлу нақли қатораҳои контейнерӣ тадбирҳои мушаххас меандешанд.
Зикр шуд, ки рушди марказҳои нақлиётию логистикии муосир барои фаъолияти муассири системаи нақлиётии кишварҳои узви СҲШ муҳим аст.
Ҳамчунин тарафҳо дар бораи зарурати андешидани тадбирҳои муштарак оид ба рушди ҳамбастагии инфрасохтори роҳи оҳан, таҳияи пешниҳодҳо оид ба муттаҳидсозии сиёсат ва стратегияҳои нақшаҳои рушди инфрасохтор, нақшаҳои рушди навовариҳои техникӣ дар нақлиёти роҳи оҳан ва корҳои муштараки тадқиқотӣ ба мувофиқа расида, оид ба рафти ҷаласа санади ҳамкорӣ ба имзо расонданд.
АКСҲО аз Вазорати нақлиёти ҶТ








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳо дар қолаби СҲШ+ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои СҲШ таҳти унвони «25 соли СҲШ: таҳкими субот, густариши ҳамкорӣ барои рушди ояндаи муштарак» иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба узвияти Донишгоҳи СҲШ пазируфта шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон дар Форуми занони Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вохӯрии машваратии ниҳодҳои миллии ҳуқуқи инсони давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуд






