Дар Душанбе миёни вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон мулоқоти дуҷониба доир шуд
ДУШАНБЕ, 25.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. 25 август дар Душанбе миёни Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, ки бо сафари корӣ дар кишвари мо қарор дорад, мулоқоти дуҷониба баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар вохӯрӣ ҳарду ҷониб рушди баъдии ҳамкории сиёсию иқтисодӣ, амниятӣ, гуманитарӣ, шарокат дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ ва СҲШ-ро баррасӣ карда, ҳавасмандии худро барои рушди минбаъдаи он иброз доштанд.
Вазирон ҳамчунин дар робита ба вазъи кунунӣ дар Афғонистон ва таъмини амнияти минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.
Ҳамзамон дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба 16-17 сентябри соли равон баргузор шудани Саммити ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ дар Душанбе табодули афкор намуданд.
АКС аз ВКХ ҶТ








Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






