Дар Душанбе таҳти унвони «Беҳтарин лоиҳаҳои соҳибкории ҷавонон» Форуми байналмилалии ҷавонон доир мешавад
ДУШАНБЕ, 23.08.2021. /АМИТ «Ховар»/. 27 август дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Беҳтарин лоиҳаҳои соҳибкории ҷавонон» бо ҷалби соҳибкорони ҷавони давлатҳои аъзои СҲШ ва ИДМ Форуми байналмилалии ҷавонон баргузор мегардад, хабар медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» бо такя ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Форуми мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар доираи раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шӯрои ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай ва Шӯрои кор бо ҷавонони ИДМ сурат мегирад.
Дар назар аст, ки дар кори Форум роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор, намояндагони сафоратхонаҳои муқими шаҳри Душанбе ва ҷавонони фаъол иштирок намоянд.
Ҳадаф аз баргузории Форум имкони татбиқи ҳамгироии иқтисодии ҷавонон, мустаҳкам намудани риштаҳои дӯстӣ байни соҳибкорони ҷавони тоҷик бо дигар мардуми олам ва имконияти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бояд гуфт, ки имсол дар давраи раиси мақоми ваколатдори соҳа дар Шӯрои ҷавонони СҲШ ва Шӯрои кор бо ҷавонони ИДМ будани Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилатадбирҳо барои таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, аз қабили баргузории ниммарафони байналмилалии СҲШ дар шаҳри Душанбе, Форуми байналмилалии ҷавонон «Ояндаро бо ҳам месозем», Фестивали байналмилалии «Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод» ва Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардиданд.
АКС аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҲҶТ








Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Ҳайатҳои иштирокчии ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф меоранд
Сарвазири Шурои давлатии Чин барои ҳамкории босифат бо Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» изҳори омодагӣ намуд
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои СҲШ доир гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳо дар қолаби СҲШ+ иштирок намуданд






