Дар Тоҷикистон Анҷумани 6-уми омӯзгорони ИДМ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 02.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи октябри имсол Анҷумани 6-уми омӯзгорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Ба ин муносибат 30 июл дар маҷлисгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти онлайнии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода бо вазири маорифи Федератсияи Русия Сергей Кравтсов, вазири маорифи халқи Ҷумҳурии Узбекистон Шерзод Шерматов ва вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Қирғизистон Болотбек Купешев сурат гирифт.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, чунин мулоқот бори нахуст аст, ки доир мешавад.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода дар мулоқот бо ҳамтоёни худ аз Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон масоили татбиқи лоиҳаи таъмини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишварҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистонро бо мутахассисони педагогии Федератсияи Русия, ҳамкорӣ дар самти бунёди муассисаҳои таълимӣ дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон, омодасозии мутахассисони варзида ва табодули таҷрибаи омӯзгорон дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистонро баррасӣ намуд.
Вазири маориф ва илми мамлакат аз ҳамкории муштараки ҷойдошта бо ин кишварҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид дошт, ки роҳандозии чунин мулоқотҳо ба табодули таҷриба ва ҳалли мушкилоти соҳа мусоидат менамояд.
Дар ҷараёни суҳбат иброз гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди синфҳои таълимашон бо забони русӣ беш аз 3150 адад буда, дар 5 мактаби олӣ аз рӯйи ихтисосҳои забон ва адабиёти рус мутахассис омода карда мешавад. Дар баробари ин, 160 маркази омӯзиши забони русӣ фаъол буда, талабот ба китобҳои дарсии забони русӣ зиёд аст. Соли равон Тоҷикистон барои ба таълим фаро гирифтани 54 нафар омӯзгори рус ба Ҳукумати ин кишвар дархост пешниҳод кардааст. Ба хотири вусъат бахшидани омӯзиши забони русӣ мунтазам миёни муассисаҳои таълимӣ озмунҳо гузаронида мешаванд.
Зимни суҳбати вазирон қарор шуд, ки ҳар се моҳ чунин вохӯрӣ сурат гирифта, ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷойдошта мубодилаи афкор сурат мегирад.
Ҳамчунин пешниҳоди Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хусуси эълони озмуни беҳтарин мактаби русӣ дар давлатҳои иштирокчӣ ҳозирин хуш пазируфтанд ва тасмим гирифта шуд, ки василаи татбиқи он дар оянда коркард ва барои корбарӣ пешниҳод гардад.
Вазири маорифи Федератсияи Русия Сергей Кравтсов, вазири маорифи халқи Ҷумҳуриҳои Узбекистон Шерзод Шерматов ва вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Қирғизистон Болотбек Купешев ба сатҳи ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд доданд.
Дар ҷараёни суҳбати онлайнӣ сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Камолзода, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ҷамшед Ҷӯразода, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Муъмин Шарифзода, директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Дилафрӯз Саидӣ, директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода ва сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода иштирок намуданд.
АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд
НАВРӮЗИ ХАТЛОН. Фасли баҳор дар ин минтақаи Тоҷикистон пештар оғоз меёбад
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Узбекистон баргузор мегарданд
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо мақсади шиносоӣ бо дастовардҳои даврони истиқлол ва иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ ба Тоҷикистон ташриф овард






