Дар Вазорати молия 21 созишномаи қарзию грантӣ ба имзо расонида шуд
ДУШАНБЕ, 08.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ маблағҳои қарзӣ дар ҳаҷми 931,5 млн сомонӣ ва грантӣ 1163,6 млн сомонӣ, дар маҷмӯъ 2095,1 млн сомонӣ аз худ карда шудаанд, ки ба 121,9 фоизи нақша баробар мебошад. Дар ин бора аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Аз ин ҳисоб, барои рушди соҳаҳои ҳокимият ва идоракунии давлатӣ- 24,6 млн сомонӣ, мудофиа- 13,4 млн сомонӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҳуқуқӣ- 3,8 млн сомонӣ, маориф- 83,5 млн сомонӣ, тандурустӣ- 75,9 млн сомонӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ- 178,5 млн сомонӣ, фарҳангу варзиш- 8,7 млн сомонӣ, энергетика- 922,5 млн сомонӣ, кишоварзӣ- 189,3 млн сомонӣ ва нақлиёт- 594,5 млн сомонӣ равона карда шудааст.
Бо мақсади ҷалби маблағҳои иловагӣ барои рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва дигар созмонҳои байналмилалии молиявӣ тақвият дода шуда, барои амалӣ намудани лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ 21 созишномаи қарзию грантӣ ба маблағи умумии 410,9 млн. доллари амрикоӣ ба имзо расонида шуд.
АКС аз АМИТ «Ховар»








Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид






