Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс ба Дубай сафар мекунад

Август 19, 2021 09:58

ДУШАНБЕ, 19.08.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Аз 20  то  30 август дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасон ва ҷавонон баргузор мешавад. Дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс миёни ҷавонону наврасон иштирок менамояд. Дар ин бора аз  Федератсияи бокси Тоҷикистон ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд.

Аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс шоми имрӯз ба шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб сафар мекунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар чемпионати мазкур 21 нафар варзишгарон, аз ҷумла 2 духтар намояндагӣ мекунанд:
Наврасон:
-46кг – Анушервон Фозилов
-50кг – Руслан Ғафуров
-52кг – Бузургмеҳр Иксанов
-54кг – Ҷаъфар Раҳмонов
-57кг – Шаҳбоз Додоҷонов
-60кг – Анушервон Ақназаров
-63кг – Муҳаммад Ҷаборов
-70кг – Юсуф Фозилов
-75кг – Нурланбек Эрматов
+80кг — Акмалҷон Абдувалиев
-46кг – Фариза Ёқубова
-54кг – Бибиҷон Музаффарова

Ҷавонон:
-48кг – Меъроҷ Зоидов
-51кг – Акбаралӣ Абдураҳмонзода
-54кг – Искандарбек Рустамов
-57кг – Абубакр Муродов
-60кг – Абдураҳим Ёқубов
-63,5кг – Довуд Маҳкамов
-67кг – Сироҷиддин Ҳоҷибоев
-71кг – Диёр Султонов
-80кг – Дурандеш Зубайдов
Варзишгарони тоҷикро дар ин сафар сармураббӣ Носирҷон Азимов, мураббиён Муҳаммадҷон Сулаймонов, Саидхоҷа Маъмуров, Тоҳирҷон Оғлуқов ва директори иҷроияи Федератсияи бокси Тоҷикистон Комрон Файзов ҳамроҳӣ мекунанд. Муҳорибаҳо аз рӯи 48 категорияи вазнӣ (писарону духтарон) сурат мегиранд. Тибқи иттилои Ассотсиатсияи бокси Осиё, бори аввал аст, ки чемпионат миёни наврасон ва ҷавонон дар як вақт ва дар як ҷой баргузор мешавад. Дар он варзишгарони соли таваллудашон 2003-2004 миёни ҷавонон ва 2005-2006 миёни наврасон иштирок мекунанд.

Дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонон ва наврасон дар баробари медал ҷоизапулӣ низ тақдим мегардад. Варзишгароне, ки миёни ҷавонон медали тилло ба даст меоранд, ҳамчунин 6000 доллари ИМА ҷоизапулӣ хоҳанд гирифт. Барои медали нуқра 3000 доллар ва барои медали биринҷӣ 1500 доллари ИМА пешбинӣ шудааст. Ҷоизадорон миёни наврасон мутаносибан бо 4000 доллари ИМА, 2000 доллар ва 1000 доллар сарфароз мегарданд.

                                           АКС аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон

Август 19, 2021 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад