ФУТБОЛ. Наврасони Тоҷикистон ҳамсолонашонро аз Узбекистон бо ҳисоби калон мағлуб карданд
ДУШАНБЕ, 12.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии рафиқона бар ҳамсолонашон аз Узбекистон бо ҳисоби 6:3 пирӯз шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи милли олмпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бозии рафиқона миёни мунтахабҳои наврасони то 15-солаи Тоҷикистон ва Узбекистон шоми 11 август дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир шуд.
Бозингари мунтахаби меҳмон Амирбек Саидов дар дақиқаи 4-ум ҳисобро кушод. Бозингари мунтахаби мо Азиз Зарифӣ дар дақиқаи 27 ҳисобро баробар кард. Билол Бобоев дар дақиқаи 29 ва Амирҷон Бақоев дар дақиқаҳои 31 ва 37 се голи дигар зада, Тоҷикистонро ба пеш бароварданд. Азиз Зарифӣ қабл аз ҷамъбасти нимаи аввали дидор голи дуюми худ ва панҷуми мунтахаби моро зад. Дар нимаи дуюм меҳмонон фаъол гардида, тавассути Иброҳимҷон Турсуналиев дар дақиқаи 69 ва Оллаберган Каримов дар дақиқаи 77 ду гол зада, ҳисобро тағйир доданд (5:3). Боз ҳам футболбозони навраси Тоҷикистон ташаббус ба даст гирифтанд ва Меҳрубон Ҳамидов дар дақаи 78 голи шашумро ба ҳадаф расонд.
Рӯзи ҷумъа, 13 август, мунтахабҳои наврасони Тоҷикистон ва Узбекистон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии дуюми рафиқона доир мекунанд.
АКС аз ФФТ








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






