Маҷаллаи Wostok-и Берлин шумораи навбатии худро пурра ба Тоҷикистон бахшидааст

Август 30, 2021 08:40

ДУШАНБЕ, 30.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷаллаи олмониии Wostok шумораи навбатии худро дар ҳаҷми 80 саҳифа пурра ба Тоҷикистон бахшид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар шумораи махсуси маҷалла зери унвони «Тоҷикистон — сарзамини баландкӯҳ ва дорои фарҳангу таърихи пурғановат» паҳлуҳои мухталифи ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва халқи тоҷик инъикос гардида, дар ин замина ба дастовардҳои кишвар дар замони истиқлол диққати бештар дода шудааст.

Ҳайати таҳририяи маҷалла дар ҳамкорӣ бо Сафорати Тоҷикистон дар Берлин ва вазорату идораҳои кишварамон дар 21 мавзӯи мукаммал таърихи ташаккули халқи тоҷик, анъанаҳо, раванди истиқлол ва ваҳдати миллӣ, ҳаёт ва фаъолияти шахсиятҳои маъруф, муаррифии зарфияти иқтисодиву саноатии Тоҷикистон ва шаҳру ноҳияҳои алоҳидаи он, мавзеъҳои сайёҳӣ ва таомҳои миллии онро бо сабку услуби хос инъикос намудааст.

Дар баррасии самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон ба  «сиёсати дарҳои боз», узвияти кишвар дар созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, бахусус ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ диққати бештар равона гардида, талошҳои Ҳукумати кишвар дар раванди амалисозии стратегияҳои муҳими кишвар, бахусус татбиқи «иқтисоди сабз» шоиста арзёбӣ шудааст.

Бо назардошти вазъи кунунии амнияти минтақа, кӯшишҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини сулҳу субот ва талошҳои ӯ баҳри муқовимати дастҷамъонаи минтақа бар зидди чолишҳои замони муосир ба таври хос қайд шудаанд.

Шакли электронии маҷалларо метавонед бо суроғаи зерин дарёфт намоед:

www.botschaft-tadschikistan.de/Wostok

АКС аз ВКХ ҶТ

Август 30, 2021 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна