Миёни дастаҳои ғайрикасбӣ барои дарёфти Ҷоми ҲХДТ мусобиқаи футболи хурд ҷараён дорад
ДУШАНБЕ, 18.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ — 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ бо иқдоми дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Федератсияи футболи Тоҷикистон бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва дарёфти Ҷоми ҲХДТ миёни дастаҳои ғайрикасбии шаҳру ноҳияҳои мамлакат мусобиқаи футболи хурд ҷараён дорад.
Дар ин бора аз шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
«Шурӯъ аз 9 июл дар шаҳру ноҳияҳои вилоят марҳилаи интихобии мусобиқаи мазкур дар сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот оғоз ёфт. Мусобиқа тибқи қоидаҳои футболи хурд баргузор гардида, дар он дастаҳо аз тамоми деҳаву маҳаллаҳо бо ҷалби шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки дар мусобиқаҳои касбии футболи кишвар бозӣ намекунанд, бо ҳам рақобат доранд»,-изҳор дошт мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Беҳрӯз Бобоев.
Дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот даври якуми мусобиқа дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гашта, дастаҳои ғолиб ба даври шаҳрию ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд. Даври шаҳрӣ-ноҳиявии мусобиқа, ки аз 10 август оғоз ёфт, то 30 август идома меёбад.
Сипас дастаҳои ғолиб ба даври вилоятӣ ва ғолиби вилоят ба даври ҷумҳуриявӣ, ки моҳи октябри соли равон ҷамъбаст мегардад, роҳхат мегиранд. Ғолибони ҳамаи 4 даври мусобиқа бо Ҷом, медал ва диплому туҳфаҳо қадрдонӣ карда мешаванд.