Мулоқоти муштараки фосилавӣ миёни Тоҷикистон, Туркманистон ва Австрия баргузор гардид

Август 31, 2021 11:23

ДУШАНБЕ, 31.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. 30 август мулоқоти муштараки фосилавӣ миёни мақомоти дахлдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Австрия баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода намояндагӣ кард.

Дар он нишаст ҳамчунин намояндагони воломақоми ниҳодҳои марбутаи Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Ҷумҳурии Юнон ва Подшоҳии Дания низ иштирок намуданд. Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба вазъ дар Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ табодули афкор намуда, ҷиҳати таҳким ва тавсеаи ҳамкорӣ дар қолабҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ба мақсади   таъмини амнияти минтақавӣ изҳори омодагӣ карданд.

АКС аз ВКХ ҶТ

Август 31, 2021 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Сироҷиддин Муҳриддин бо раиси иҷлосияи 81-уми Маҷмаи умумии СММ мулоқот намуд
Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Сандуқи кувайтӣ барои рушди иқтисодии арабӣ баррасӣ шуд
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон дар Ню-Йорк мулоқот намуданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ мулоқот намуд
Созишнома оид ба бекор кардани талаботи раводид байни Тоҷикистон ва Сейшел ба имзо расид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири нақлиёт ва инфрасохтори Туркия мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк вохӯрии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ доир шуд
Ҳамкории мутақобили судманд байни Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо намояндагони ҷомеаи тоҷикон дар шаҳри Ню-Йорк вохӯрӣ намуд
Дар шаҳри Риёз омодагӣ ба ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Роҳбари Миссияи кумаки Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон мулоқот намуд