ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 33+35 дараҷа гарм мешавад

Август 15, 2021 08:26

ДУШАНБЕ, 15.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 33+35 дараҷа гарм мешавад. Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14 ва  рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.  Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 1+6 ва рӯзона  13+18  дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборид. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол  аз самти шарқ бо суръати 4-9 ва дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 28+33  дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4+9  дараҷа гарм ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои  камабри бебориш  дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10  ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 15-20 метр дар як сония мевазад. Чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21  ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 11+16 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 12-17 метр дар як сония мевазад.  Дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво  дар водиҳо  шабона 14+19 дараҷа гарм ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона  24+29 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи  бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 ва дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  17+19  ва рӯзона 33+35 дараҷа гарм мешавад.

Август 15, 2021 08:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Носири Хусрав тақдими «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ оғоз шуд
«САРҲАДБОНОН-ЧАШМИ БЕДОРИ ВАТАН». Дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба масоили соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE натиҷаҳои давраи чоруми иқдоми «Миллионро гир»-ро барои моҳи ноябр ҷамъбаст кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд