ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст

Август 19, 2021 08:10

ДУШАНБЕ, 19.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 13+18 ва  рӯзона 28+33  дараҷа гарм мешавад.  Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 1+6 ва дар баъзе минтақаҳо то -3+2 ва рӯзона  13+18 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.  Шамол  аз самти шарқ бо суръати 7-12  метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 15+20  ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12  дараҷа гарм ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои  камабри бебориш дар назар аст.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23  ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 15+20 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво  камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 14+19 дараҷа гарм ва рӯзона 33+38  дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона  27+32 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  16+18  ва рӯзона 34+36  дараҷа гарм мешавад.

Август 19, 2021 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шаҳринав ду тонна пиллаи хушсифат истеҳсол карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Шаҳринав оид ба пешгирии ҳолатҳои ғарқшавӣ ҷаласа доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Саидмурод Мардонов аз олам даргузашт
Форуми ҷавонони Осиёи Марказӣ ва давлатҳои аъзои Шурои ҳамкории Халиҷ баргузор гардид
Вобаста ба дастовардҳо, дурнамои рушди ҷавонон ва варзиш ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бахшида ба Рӯзи ҷавонон иқдоми эҷодии донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон доир гардид
Дар Бохтар оид ба нақши ҷавонон дар рушди ҷомеаи муосир ҳамоиш доир гардид
Озмуни ҷумҳуриявии «Дизайнер ва барномасози беҳтарин» баргузор гардид
Дар минтақаи Кӯлоб 15 тонна намаки ғайристандартӣ ошкор карда шуд