Оид ба рушди деҳоти Тоҷикистон бо истифодаи имкониятҳои сайёҳӣ китоб ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 18.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон шудани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ матбааи «Табъу нашр» таҳти унвони «Рушди деҳоти Тоҷикистон бо истифодаи имкониятҳои сайёҳӣ» китоб ба табъ расонд. Муаллифони китоб доктори илмҳои техникӣ, профессор Абдумумин Шарифов ва номзади илмҳои техникӣ Фаридун Ҳамроев мебошанд.
Китоб, ки бо забони тоҷикӣ чоп гардидааст, аз сарсухан ва 6 боб — туризм ва таснифоти он, туризми аграрӣ, экологӣ, саргузаштӣ ва табобатӣ, рушди намудҳои гуногуни туризм дар кӯҳҳои Фони водии Зарафшон, минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон, ганҷи кӯҳистони Тоҷикистон ва вожаномаи сайёҳӣ иборат мебошад. Инчунин дар китоб акси ёдгориҳои қадима, мавзеъҳои таърихию сайёҳӣ ва табиати зебову нотакрори минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон гирд оварда шудааст.
Китоби «Рушди деҳоти Тоҷикистон бо истифодаи имкониятҳои сайёҳӣ» ҳамчун дастури таълимӣ барои мутахассисони соҳаи сайёҳӣ, кишоварзон, боғпарварон дар маҷмӯъ, ба кормандоне, ки дар соҳаҳои хитматрасонӣ фаъолият менамоянд, тавсия дода мешавад.
Акс аз АМИТ «Ховар»








Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Моҳи апрел даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд






