Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Беш аз 3,5 миллиард сомонӣ тавассути татбиқи барномаҳои дастгирии буҷети давлатӣ ҷалб гардидааст»
ДУШАНБЕ, 21.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Вазорати молия ба ниҳоди калидии пешбарандаи сиёсати буҷету андоз, танзимкунандаи баҳисобгирии муҳосибӣ, хариду фурӯши металлҳои қиматбаҳо ва рушди бозори коғазҳои қиматнок табдил дода шуд аст», — зикр намуданд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамомад бахшида ба истифод супоридани бинои нави Вазорати молияи дар шаҳри Душанбе.
Ба гуфти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар даврони соҳибистиқлолӣ дар низоми молияи кишвар бо мақсади баланд бардоштани самаранокӣ, ба меъёрҳои муосир мутобиқ намудани идораи он, таъмини шаффофият ва истифодаи самарабахши захираҳои молиявӣ ислоҳот гузаронида шуд.
«Барои амалӣ намудани корҳои зикршуда аз ҷониби Ҳукумати мамлакат то имрӯз, инчунин, тавассути татбиқи барномаҳои дастгирии буҷети давлатӣ беш аз 3,5 миллиард сомонӣ ҷалб гардидааст. Илова бар ин, ҳоло барои мукаммалгардонии низоми молия, андоз ва гумрук 8 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 1,4 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст», — зикр намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки «барои баланд бардоштани самаранокии хароҷоти давлатӣ, беҳтар намудани назорат ва ҳисоботдиҳӣ тавассути ҷорӣ намудани низоми муосири иттилоотиву коммуникатсионӣ дар идораи молияи давлатӣ, гардиши электронии ҳуҷҷатҳои байниидоравӣ, такмили низоми электронии хариди давлатӣ, мукаммалсозии аудити берунӣ ва идоракунии нерӯи инсонӣ татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар ҳаҷми 224 миллион сомонӣ идома дошта, дар ин самт ҷалби боз 68 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст».
Қайд гардид, ки дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат дар соҳаи молияи давлатӣ ҳаҷми даромади умумии буҷети давлатӣ мунтазам афзоиш ёфта, ба 24,3 миллиард сомонӣ расонида шуд.
АКС: Хадамоти матбуотии Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад






