Расмикунонии муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия то 30 сентябри соли равон идома меёбад
ДУШАНБЕ, 13.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Расмикунонии онҳо барои иқомат дар мамлакати будубош ва иҷозати фаъолияти меҳнатӣ идома дошта, муҳлати он дар ин давлат то 30 сентябри соли 2021 тамдид карда шудааст, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тибқи Фармони Президенти Федератсияи Русия аз 15 июни соли 2021, №364 “Дар бораи чораҳои мувақатӣ барои танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Русия дар давраи рафъи оқибатҳои паҳншавии сирояти нави коронавирус (COVID-19)” муҳлати будубош ва расмикунонӣ то 30 сентябри соли 2021 тамдид карда шудааст.
Инчунин муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар давраи пандемияи ҳамагири ҷаҳонӣ натавонистанд фаъолияти худро расман ба қайд бигиранд ва натавонистанд, ки маблағи муайяншуда барои ҳақи иҷозати фаъолияти меҳнатиро пардохт намоянд, тибқи санади мазкур то санаи муайяншуда метавонанд ба шуъбаҳои кор бо муҳоҷиратии ноҳиявии худ муроҷиат намуда, расман худро ба қайд гирифта, дубора ба мақомотҳои марбутаи иҷозатномадиҳии фаъолияти корӣ муроҷиат намоянд.
Ҳамзамон, дар доираи фармони мазкур шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон- муҳоҷирони меҳнатӣ, ки солҳои тулонӣ фаъолияти худро расман ба қайд нагирифтаанд, метавонанд ба шуъбаҳои муҳоҷиратии ноҳияи худ муроҷиат намуда, баъд аз ҷаримаи муайншудаи мақомоти давлатӣ расман худро ба қайд бигиранд.
Мутобиқи ин Фармон муҳлати будубош ва расмикунонӣ дар Федератсияи Русия то санаи 30 сентябри соли 2021 эътибор дошта пас аз он шаҳрвандоне, ки расман ба қайд гирифта нашудаанд аз давлати иқомат ихроҷ карда мешаванд.
Дар ҳолати пайдо гардидани мушкилӣ ҷиҳати расмикунонӣ дар давлати иқомат муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд ба рақамҳои зерин:
- ш. Москва: +7(495)9679844, +7(926)4626201, +7(903)5971213, +7(926)8769049, +7(910)4436335, +7(977)4878964, +7(967)2710202;
- ш. Санкт-Петербург: +7 (964) 373 75 01;
- ш. Екатеринбург: +7 (982) 739 8998;
- ш. Новосибирск: +7(965)3586161;
- ш. Уфа: +7 (915) 4883223;
- ш. Краснодар: +7(929)540 88 88;
- ш. Астрахан: +7(977)2720001.
- ш. Хабаровск: +7 (909)809 5548 ё тариқи почтаи элетронӣ: predmintruda@gmail.com, www.tajmigration.ru муроҷиат намоянд.
АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ








Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд






