Роҳбари муқовимати Афғонистон интизор аст, ки Русия дар ташкили музокирот бо Толибон кумак кунад
ДУШАНБЕ, 26.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбари ҷабҳаи муқовимат бо толибон дар вилояти Панҷшер Аҳмад Масъуд (ДАР СУРАТ) бар ин назар аст, ки Русия метавонад дар гуфтушуниди намояндагони ҷабҳаи муқовимат бо «Толибон»* кумак ва ба ин восита аз авҷ гирифтани зӯроварӣ пешгирӣ кунад. Ба иттилои АМИТ «Ховар», Масъуд дар ин бора дар мусоҳиба бо РБК дирӯз, 25 август изҳори назар кардааст.
Ба қавли роҳбари муқовимат, Москва метавонад дар баргузории «чизе ба монанди музокироти осоиштаи фаврӣ миёни мо ва «Толибон»* кумак кунад ва онҳоро бовар кунонад, ки ба он биёянд».
Тавре дирӯз АМИТ «Ховар» хабар дод, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дирӯз дар Душанбе Вазири корҳои хориҷии Покистон Маҳмуд Курейширо ба ҳузур пазируфтанд. Ҳангоми суҳбат бо ӯ, Пешвои Тоҷикистон мавқеи давлати худро иброз дошта, изҳор намуданд, ки «барои ҳалли фаврии мушкилоти амнияти сиёсии кишвари ҳамсоя (Афғонистон – тавзеҳи АМИТ «Ховар»), ҳукумати фарогир бо иштироки ҳамаи ақаллияти миллӣ, аз ҷумла тоҷикони Афғонистон, ки беш аз 46% аҳолии ин кишварро ташкил медиҳанд, бояд ташкил карда шавад».
Масъуд изҳори нигаронӣ кард, ки таъсиси ҳукумат танҳо аз сӯи толибон боиси он хоҳад шуд, ки Афғонистон дар инзиво қарор бигирад ва мардум наметавонанд бо якдигар дар дохили кишвар ва берун аз он зиндагии осоишта дошта бошанд.
«Мутаассифона, амали «Толибон»* аллакай нишон медиҳад, ки онҳо хостори фарогирӣ, таҳаммулпазирӣ, ҳуқуқи инсон ва занон набуда, ба арзишҳои демократӣ шарик нестанд. Ҳамаи ин чизҳоеанд, ки барои ҷомеаи байналмилалӣ муҳим буда, аз ҷониби ҳукумат бояд эътироф карда шаванд. Ва ин барои мо мушкил аст, мо наметавонем онро қабул кунем», — афзуд ӯ.
АКС: imag.one
___________________________________
* «Толибон» ҳаракатест, ки дар Тоҷикистон, Русия ва якчанд давлати дигар мамнӯъ аст.








Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид






