Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз шаҳри Ҳисор боздид намуд

Август 3, 2021 18:02

ДУШАНБЕ, 03.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Ҳисор Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бинои шуъбаи назорати метеорологии Хадамоти зиддижолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро пас аз таъмиру навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Иншоот бо муосиртарин дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ, аз ҷумла Дастгоҳи радиолокатсионӣ, ки низоми пешгӯӣ ва пешгирии омилҳои хавфноки метеорологӣ ба ҳисоб рафта, барои ҳифзи киштзор, боғу токпарварӣ ва дигар зироат аз бориши жола, ҳаҷми ҷамъшавии барф, яхпораҳо, инчунин ҳаҷм, шакл, намудҳои абр, пайдарпайӣ ва навъи бориш ва мавҷудияти жола пешбинӣ шудааст, муҷҷаҳаз гардонида шудааст.

Тадбирҳои сохтмону навсозӣ ва дастрас намудани дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳавӣ бо саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо шарикони рушд анҷом дода шуд.

Зимни баргузории ҳамоиш таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, ки яке аз ҳадафҳои стратегӣ ба ҳисоб меравад, чораҳои зарурӣ амалӣ сохта, дар ин самт пайваста тадбир меандешад.

Натиҷа ҳамин аст, ки имрӯзҳо дар қаламрави мамлакат сокинон бо ҳисси баланд ба мақсаднок истифода кардани замин ва гирифтани ҳосили баланд мароқ зоҳир кардаанд.

Дар идома бинои шуъбачаи бозрасии давлатии автомобили Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ҳисор, шуъбаи бахши бақайдгирию имтиҳонӣ ва маркази муоинаи техникии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ба истифода дода шуд.

Иншоот тибқи талаботи замон бунёд карда шуда, барои амалигардонии фаъолият дар самти омодакунии ронандагон, барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва гузаронидани муоинаи техникии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ пешбинӣ шудааст. Дар Марказ фаъолияти корӣ бо принсипи «Равзанаи ягона» ба роҳ монда шудаааст.

Дар марказ ҳамчунин мағозаҳои комиссионӣ ҷойгир шудаанд, ки баҳри баррасмиятдарории муносибатҳои шаҳрвандон дар хариду фурӯши воситаҳои нақлиёт мусоидат менамояд.

Корҳои сохтмонӣ моҳи августи соли 2020 оғоз гашта, бо ифтитоҳи иншоот барои 50 нафар корманд шароити мусоиди фаъолият муҳайё гардид.

Ҳамчунин дар ин рӯз Сарвазири мамлакат дар шаҳри Ҳисор корхонаи истеҳсоли ордро ба истифода супорида, бо ҷараёни тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ шинос шуд.

Иншоот бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ дар доираи яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- саноатикунонии босуръати мамлакат бунёд карда шуд.

Дар иншоот дастгоҳу таҷҳизоти муосир насб карда шуда, ҳамзамон сокинони маҳаллӣ низ бо ҷойи кор таъмин карда шуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Ҳисор тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ бо маром идома доранд.

Корҳои ободонӣ аслан бо саҳми соҳибкорону шахсони ватандӯст анҷом дода мешаванд.

Натиҷаи ҳамин аст, ки рӯз то рӯз симои шаҳр ба куллӣ дигаргун гашта, барои сокинон имкони хуби зиндагӣ ва фаъолият фароҳам оварда мешавад.

Дар идома Сарвазири мамлакат аз ҷараёни мақсаднок истифода гардидани замин ва фаъолияти аҳли заҳмати ҶДММ «Ситаб-Агро» ва Хоҷагии деҳқонии «Иқбол-С» боздид ба амал овард.

ҶДММ «Ситаб-Агро» соли 2011 фаъолиятро оғоз намуда, дар тобеияти худ 21,9 гектар замин дорад, ки дар 10 гектари он боғи интенсивӣ бунёд карда шудааст.

Дар хоҷагӣ ҳамчунин сардхона бо ғунҷоиши се ҳазор тонна ва сехи коркарди ҷуворимакка бунёд карда шудааст.

Дар ҶДММ «Ситаб-Агро» 21 нафар ба таври доимӣ фаъолият намуда, дар корҳои мавсимӣ беш аз 100 нафари дигар ҷалб карда мешаванд.

Дар тобеияти Хоҷагии деҳқонии «Иқбол-С» 10 гектар замин мавҷуд аст, ки хоҷагидорон дар 1,5 гектар боғ бунёд намуда, дар 5 гектар пахта, 1,5 гектар ҷуворимакка, 0,5 гектар полезӣ ва дар 1,5 гектари дигар хӯроки чорво кишт намудаанд.

Зимни мулоқот бо хоҷагидорон Сарвазири мамлакат таъкид дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинон замин дода, дар ин самт имтиёзҳо амалӣ сохтааст. Аз ин рӯ бо дарки масъулияти баланд ва ҳисси ватандӯстӣ метавон соҳаро рушд ва фаровонии бозори истеъмолиро таъмин кард.

 

АКС аз АМИТ «Ховар»

Август 3, 2021 18:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо мақомоти давлатии Финляндия густариш меёбад
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
Озмоишгоҳи миллии референсӣ дар бахши озмоиши бактериологӣ соҳиби Сертификат ва баҳогузории 100-фоиза гардид
«БАРОБАРИИ ГЕНДЕРӢ– ҲАДАФИ РУШДИ УСТУВОР». Дар Душанбе вохӯрии занони Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми аз обхезиҳои шадид зарадидаи Қазоқистон ба роҳ баромад
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми ташкилоти кор бо ҷавонони аъзои ИДМ дар шаҳри Тошканд иштирок намуданд
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо ташкилоти байналмилалии соҳавӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Ҳайати намояндагӣ-занони роҳбари воҳидҳои сохтории Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон омад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Табибони тоҷик усули нави ҷарроҳӣ дар самти табобати сурхрӯда ва меъдаро амалӣ намуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
Дар шаҳри Кӯлоб омодагии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор гирифт