Тоҷикистон дар «Биатлони танкӣ» рекорди худро нав намуд
ДУШАНБЕ, 30.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дар озмуни «Биатлони танкӣ-2021» навбати сеюмро ба анҷом расонд. Дар ин мусобиқа мамлакатро фармондеҳи танк Собирҷон Кабутов, тирандоз Пайрам Давлатов, механик-ронанда Комрон Холматов намояндагӣ менамуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Sputnik.
Ба танкчиёни тоҷик муяссар шуд, ки намоиши ҷолиб нишон диҳанд. Экипаж ба ҳадафҳо – «чархболҳо» хеле дақиқ зарба зад ва вақти беҳтарини кишварро дар мусобиқа нишон дод.
Дастаи сеюми Тоҷикистон бо натиҷаи 26:57 ба хати марра расид ва экипажи аввалро дар ҳисоби умумии дивизиони дуввум ба зинаи чорум фаровард.
Дар сабқати сеюм дастаи Осетияи Ҷанубӣ бо тирандозии дақиқ ҳозиринро хушнуд сохт, аммо аз панҷ ҳадаф сеяш ба танкчиён имкон надод, ки ба Тоҷикистон бирасанд. Низомиёни Абхазистон низ хеле қафо монданд: онҳо дар хатти дуввуми тирандозӣ «дар монданд». Қатар бо сабаби захмӣ шудани як узви экипаж аз сабқат даст кашид.
АКС: © Sputnik / Виталий Белоусов








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад






