Вазири Федералии корҳои хориҷии Олмон Ҳайко Маас бо сафари корӣ ба Душанбе омад
ДУШАНБЕ, 30.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазири Федералии корҳои хориҷии Олмон Ҳайко Маас бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Вазири Федералии корҳои хориҷии Олмонро муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ истиқбол намуданд.
Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон соли 1992 барқарор шуда, дар ин муддат бо талошу пайгириҳои роҳбарони сатҳи олии ду кишвар ба сатҳу сифати нав баромадаанд.
Ду давлати дӯст ҳамкории судманду самарабахш дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, робитаҳои байнипарлумонӣ, илму фарҳанг ва дигар бахшҳои афзалиятнокро рушду густариш мебахшанд.








Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






