Вазири корҳои хориҷии Олмон Ҳайко Маас ба Тоҷикистон меояд

Август 27, 2021 11:20

ДУШАНБЕ, 27.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Олмон Ҳайко Маас изҳор дошт, ки рӯзи якшанбеи 29 август ба Тоҷикистон, Узбекистон ва Покистон сафар намуда, вазъ дар Афғонистонро баррасӣ хоҳад кард. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ӯ дар ин бора дирӯз дар Берлин ба хабарнигорон изҳори назар кардааст.

 Ба гуфтаи ӯ, масъалаи чӣ гуна Олмон метавонад ба кишварҳои ҳамсоя дар рафъи пайомадҳои тағйирот дар Афғонистон кумак кунад, дар мадди таваҷҷуҳ қарор хоҳад гирифт.

«Сухан ҳамчунин дар бораи он хоҳад рафт, ки мо — ҷомеаи ҷаҳонӣ бо воқеияти нав дар Афғонистон чӣ гуна муносибат хоҳем кард ва бо кадом шартҳо омодаем бо ҳукумати нав созиш  кунем», — гуфт Ҳайко Маас ва илова намуд, ки ӯ аз Туркия ва Қатар, «ки дар ин масъала нақши муҳим доранд», низ боздид хоҳад кард.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дод, дирӯз, 26 август бо ташаббуси Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел суҳбати телефонии он ҷониб бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид.

Дар оғози суҳбат Пешвои миллат ба ҷаноби Шарл Мишел барои ташаббуси баррасии мушкилоти Афғонистон изҳори сипос намуданд.

Ҷонибҳо бо нигаронӣ рушди кунунии вазъи буҳронӣ дар ин кишварро зикр карданд.

Сарвари давлати мо иброз доштанд, ки бинобар хуруҷи босуръати неруҳои эътилофи байналмилалӣ, Афғонистони азияткашида дар остонаи фалокати гуманитарӣ ва оғози мавҷи нави муқовимати тӯлонии шаҳрвандӣ, ки бо мушкилот ва таҳдидҳои нав барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ оқибатҳои ногувор меорад, қарор дорад.

Аз эҳтимоли минбаъд ба пойгоҳи террористони байналмилалӣ табдил ёфтани қаламрави Афғонистон изҳори нигаронӣ карда шуд.

Бо таассуф зикр карда шуд, ки Толибон, сарфи назар аз итминони чандинбораи оммавии худ, аз таъсиси ҳукумати муваққатии интиқолӣ бо ҷалби дигар неруҳои сиёсии кишвар даст кашиданд.

«Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи наздиктарин ҷонибдори таъсиси низоми сулҳомез ва устувори давлатӣ дар Афғонистон бо нақши марказии ҳамоҳангсозии СММ мебошад», — гуфтанд Президенти Тоҷикистон.

«Тоҷикистон ҳеҷ гуна ҳукумати дигарро, ки бе дарназардошти мавқеи кулли мардуми Афғонистон ва доираи васеи намояндагии ҳамаи миллатҳо, аз ҷумла тоҷикони этникӣ, инчунин узбекҳо, ҳазораҳо, туркманҳо ва дигар ақаллияти миллӣ, ки дар он зиндагӣ мекунанд, таъсис дода мешавад, эътироф нахоҳад кард», — зикр намуданд дар ин маврид Сарвари давлати мо.

Дар ин замина аҳамияти таъсиси ҳарчи зудтари ҳукумати фарогир таъкид карда шуд.

Инчунин дар бораи пурзӯр кардани расонидани кумаки башардӯстонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мардуми Афғонистон, ки бо буҳрони амиқи иҷтимоию иқтисодӣ рӯбарӯ ҳастанд, ибрози андеша карда шуд.

Зимни суҳбат ҳамчунин масъалаҳои таҳкими амнияти сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар робита ба якбора бад шудани вазъ дар Афғонистон мавриди назар қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо мавқеи якдигарро оид ба мубориза бо терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои фаромиллӣ ва дигар хатару таҳдидҳо ҷонибдорӣ намуданд.

Дар бораи идомаи тамосҳо ва машваратҳои ҷонибҳо дар ҳама сатҳҳо оид ба мушкилоти Афғонистон ва масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо мувофиқа ҳосил шуд.

Дар фарҷоми суҳбат Шарл Мишел аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои суҳбати пурмуҳтаво изҳори сипос намуда, ҷиҳати анҷом додани сафар ба Брюссел моҳи октябри соли равон даъват ба амал овард.

Август 27, 2021 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо волии шаҳри Анқара мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуд
BEST IN TRAVEL 2026. Тоҷикистон ба феҳристи «25 таҷрибаи беҳтарини сайёҳӣ дар соли 2026» ворид гардид
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Теҳрон маҳфили бузургдошти Одамушшуаро Рӯдакӣ таҳти унвони «Бӯи ҷӯи Мӯлиён» баргузор гардид
Дар Душанбе масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардиданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири авқоф ва корҳои исломии Давлати Қатар мулоқот намуд
Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътимоднома супорид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири таҳсилоти олӣ ва тадқиқоти илмии Миср мулоқот намуд
Татбиқи лоиҳаҳои Иттиҳоди Аврупо ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
МУТТАҲИДКУНИИ ҶАҲОН БАРОИ ОБ. Моҳи май дар Душанбе Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» доир мешавад
Сафири Тоҷикистон бо сардори Идораи Осиёи Марказии Вазорати умури хориҷаи Эрон мулоқот намуд