Ҷамолиддин Абдуллозода бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 25.08.2021/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 25 август, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии Директори минтақавии Бонки мазкур дар кишварҳои Осиёи Марказӣ хонум Татяна Проскурякова мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИт «Ховар» аз маркази матбуоти вазорат хабар доданд.
Тавре дар мулоқот зикр гардид, Бонки ҷаҳонӣ яке аз шарикони муҳими вазорат ба шумор меравад, ки то ба имрӯз дар самти беҳтар намудани сатҳ ва сифати химзатрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар Тоҷикистон кӯмакҳои зиёд расонидааст. Махсусан, дастгирии соҳаи тандурустии мамлакат аз ҷониби ин муассисаи бонуфузи молиявии ҷаҳон дар давраи пандемияи COVID-19 назаррас арзёбӣ гардид.
Дар мулоқот Намояндаи навтаъйини Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимли муаррифӣ карда шуд.
Дар навбати худ Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиии ҶТ Ҷамолиддин Абдуллозода Озан Севимлиро барои ба ин вазифаи пурмасъулият таъйин гардиданаш табрик намуда, ба кору фаъолияти минбаъдаи номбурда барору муваффақият орзу намуд.
Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо доир ба самтҳои гуногуни ҳамкорӣ ва густариши онҳо мубодилаи афкор намуда, ҳавасмандии хешро ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани онҳо иброз намуданд.
АКСҲО: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ЧТ










Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд






