Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Сангвор мулоқот намуданд

Сентябрь 20, 2021 11:46

ДУШАНБЕ, 20.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи як қатор иншооти гуногун дар толори Қасри фарҳанг бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Сангвор мулоқоти самимӣ доир карданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиён ва мардуми заҳматдӯсти ноҳияро бо ҷашни муқаддасу бузурги 30 – солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон табрику таҳният намуданд.

Таъкид гардид, ки бо шарофати истиқлоли давлатӣ ва иқдомоти пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат дар тӯли 30 соли сипаришуда мардуми ноҳия ба як қатор дастовардҳо ноил гардиданд.

Барои таъмин намудани рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Сангвор ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони он аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 914 миллион сомонӣ равона гардидааст.

Дар ин муддат дар ноҳия ҷиҳати бунёду барқарорсозии иншооти маорифу тандурустӣ, афзоиши интиқоли нерӯи барқ, таҷдиду нигоҳдории роҳҳо, дастгирии хоҷагиҳои кишоварзӣ, барқарорсозии инфрасохтори деҳот ва бахшҳои дигар 8 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ бо маблағи беш аз 24 миллион сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи 3 лоиҳаи дигар идома дорад.

Инчунин, дар ин давра ба ноҳия 150 миллион сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб карда шудааст.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳаҷми маблағгузорӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба соҳаи сохтмон қариб 100 миллион сомониро ташкил дода, танҳо дар соли 2020-ум ба ин мақсад 9 миллион сомонӣ равона шудааст, ки нисбат ба соли 1991-ум 6,5 баробар зиёд мебошад.

Ба хотири таҷлили сазовори ҷашни 30 – солагии истиқлоли давлатӣ тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ 85 иншооти таъиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудаанд ва ҳоло дар ҳудуди ноҳия корҳои созандагӣ бомаром идома доранд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Сангвор барои солҳои 2021 – 2025 барои боз ҳам беҳтар гардонидани шароити инфрасохтори ноҳия, бунёди иншооти таъиноти гуногун ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ амалисозии 174 лоиҳа ба маблағи умумии 150 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорону шахсони саховатпешаи ноҳия барои иштироки фаъол дар корҳои ободонӣ изҳори сипос карданд.

Зимни таҳлили  дастовардҳои соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар ноҳия Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки дар ноҳия коркарди ниҳоии маъдан ва коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ васеъ ба роҳ монда шавад, зеро бо ҳамин роҳ барои сокинон садҳо ҷойи кори доимӣ таъсис додан мумкин аст.

Дар ноҳияи Сангвор соҳаи кишоварзӣ сол ба сол тараққӣ карда, бо зиёд гардидани майдони кишти зироатҳо, боғ ва саршумори чорво истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла ғалладонагиҳо, картошка, сабзавот, мева, гӯшту шир, асал ва дигар намудҳои маҳсулот афзоиш ёфта истодааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳияро барои истифодаи неъматҳои моддӣ ҷиҳати таъмини амнияти озуқавории мамлакат ҳидоят карданд.

Дар охири суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуданд, ки мардуми бонангу номуси ноҳия барои боз ҳам ободу зебо гардонидани диёри зебоманзари худ, рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиву саноатӣ ва ба ин васила таъсис додани ҷойҳои нави корӣ минбаъд низ софдилона заҳмат мекашанд.

Пас аз суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳия баромад карда, барои таъмини зиндагии шоиста ба Президенти мамлкат изҳори сипос намуданд.

Мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Сангвор 20.09.2021

Сентябрь 20, 2021 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хоруғ ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Роштқалъа
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Роштқалъа мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа боғи фарҳангию фароғатиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа бо ятимон ва нафарони дорои имконияти маҳдуд суҳбати самимӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа бинои Беморхонаи сироятиро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияҳои Роштқалъа, Ишкошим ва Шуғнон як қатор иншоотро ифтитоҳ намуданд ва барои бунёди чанд муассисаи таълимӣ санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа Неругоҳи барқи обии «Себзор»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа Парки технологиро мавриди истифода қарор доданд
Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа оғоз гардид
Cуханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Рӯшон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Рӯшон мулоқот намуданд