Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Нурободро мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 20.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Нуробод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Нурободро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ба фаъолият оғоз намудани иншооти мазкур мушкилоти кормандони ҳизбро дар самти норасоии ҷой ва шароити зарурӣ пурра ҳал намуда, барои фаъолияти босамари кормандони ҳизб имконият фароҳам овард.
Бино аз се ошёна иборат буда, дар он утоқҳои барҳавои замонавӣ ҷой дода шудаанд. Аз ҷумла, шаш утоқи корӣ бо назардошти тамоми имконот барои кормандони кумитаи иҷроияи ҳизб ташкил гардида, дигар иншооти ёрирасон низ дар бинои нав бунёд ёфтааст.
Мавриди зикр аст, ки бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Нуробод бо ташаббуси соҳибкорону шахсони саховатпешаи ноҳия аз ҷониби сохтмончиёни маҳаллӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир бунёд гардида, бо тамоми таҷҳизоти муосири корӣ таъмин мебошад. Ошёнаи якуми бино аз утоқҳои кормандон, қабати дуюм аз маҷлисгоҳ бо 70 ҷойи нишаст ва толори хурд иборат буда, ҳуҷраҳои роҳбарият, китобхона ва дигар иншооти ёрирасон дар қабати сеюми бино ҷой дода шудаанд.
Дар бинои нав барои кормандони Кумитаи иҷроияи ҳизб ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сифати фаъолият дар самти ҳифзи дастовардҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар пешрафти Тоҷикистони азиз имконоту шароити мусоид фароҳам мебошад.
Иншоот бо истифода аз санъати баланди меъморӣ бунёд карда шудааст. Қобили зикр аст, ки атрофи бино бо дарахтони сояафкану гулҳои мавсимӣ оро ёфта, тамоми роҳраву гузаргоҳҳои он сафолакпӯш ва чароғон карда шудааст.
Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Нуробод ба Роҳбари муаззами ҳизб барои фароҳам овардани шароити мусоид, таваҷҷуҳу ғамхорӣ нисбат ба фаъолияташон изҳори миннатдорӣ намуданд.
Зимни шиносоӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, масъулинро ба хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд.









Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5751 то 9.6000 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 апрел, сешанбе, 97-умин рӯзи соли 2026 аст
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид






