АҲМАД МАСЪУД ҲАМРОҲОНАШРО ТАРК НАКАРДААСТ. Маълум шуд, ки ҳоло ӯ дар куҷост
ДУШАНБЕ, 13.09.2021/АМИТ «Ховар»/. Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон (ҶММА) Аҳмад Масъуд аз қаламрави кишвараш берун нарафтааст. Дар ин бора хабаргузории «Форс» бо истинод ба Қосим Муҳаммадӣ, манбаи наздик ба фармондеҳи артиш хабар дод.
Қосим Муҳаммадӣ овозаҳо дар бораи тарки Афғонистон кардани Масъудро бепоя хонд.
«Вай (Аҳмад Масъуд. – Тавз. АМИТ «Ховар») бо дараи Панҷшер дар тамос аст», — таъкид кард мусоҳиби хабаргузории «Форс».
Бино ба гуфти Муҳаммадӣ, феълан ҷангиёни Толибон* тақрибан 70 дарсади кӯчаҳо ва ағбаҳои асосии вилояти Афғонистонро таҳти назорат доранд. Аммо водиҳои кӯҳии Панҷшер дар зери назорати комили нерӯҳои миллӣ боқӣ мемонанд.
«Пас аз вуруди Толибон* ба Панҷшер, ҳавопаймоҳои Покистон ба кумаки онҳо омада, муҳосираро шикастанд ва ҳатто шабона ҳуҷум мекарданд», — гуфт намояндаи ҶММА.
Ба гуфти ӯ, ҷанги феълӣ дар Афғонистон аз ҷониби Қатар ва Покистон сарпарастӣ мешавад ва онҳо аз ҷиҳати молиявӣ аз ҷангҷӯён пуштибонӣ мекунанд.
Муҳаммадӣ изҳори умедворӣ кард, ки «кишварҳои минтақа ва ҷаҳон инро дарк хоҳанд кард».
Ёдовар мешавем, ки бинобар ҷангҳо дар Панҷшер буҳрон оғоз ёфт. Сокинони вилоят дар талоши онанд, ки ҳарчӣ зудтар минтақаро тарк кунанд.
Хотиррасон мешавем, ки қаблан тарафҳои даргир дар бораи оташбаси муваққатӣ аз 9 то 12 сентябр ба мувофиқа расиданд.
___________________________
* Толибон — созмони террористӣ, ки дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо мамнӯъ эълон шудааст.
АКС: Instagram








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад






