Абдулҳафиз Ашӯрзода: Дар тӯли 30 соли соҳибистиқлолӣ Конститутсияи Тоҷикистон марҳила ба марҳила такмил ёфт

Сентябрь 8, 2021 16:51

ДУШАНБЕ, 08.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки самараи даврони истиқлолият аст, дар тӯли фаъолияташ бо санадҳои қабулнамудаи худ дар таҳкими асосҳои сохтори конститутсионӣ, волоияти қонун ва тартиботи конститутсионӣ нақши муассир дошта, таҷрибаи пешқадами давлатҳои хориҷиро дар худ таҷассум кардааст. Вобаста ба ин, Суди конститутсионӣ дар баробари зиёда аз 160 мақомоти назорати конститутсионии давлатҳои ҷаҳон тариқи мурофиаи судии конститутсионӣ баҳри ҳифзи Конститутсия, ки инъикосгари Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, фаъолият дорад ва мавҷудияти он дар низоми ҳокимияти давлатӣ ва судӣ яке аз нишонаҳои давлати демократию ҳуқуқбунёд арзёбӣ мегардад. Хабарнигори АМИТ «Ховар» Нарзулло АЛИЗОДА дар остонаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ вобаста ба фаъолияти Суди конститутсионӣ ва дастовардҳои он дар зарфи 30 соли соҳибистиқлолӣ бо Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳафиз АШӮРЗОДА ҳамсуҳбат гардид.

АМИТ «Ховар»: Мардуми шарифи тоҷик дар остонаи 30-юмин солгарди ҷашни миллӣ — Истиқлолияти давлатӣ қарор дорад, ки он  фаъолияти се даҳсолаи соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи мамлакатро натиҷагирӣ менамояд. Ҳамин тавр не?

Абдулҳафиз Ашӯрзода: Истиқлолияти давлатӣ арзишмандтарин дастоварди халқ ва давлати Тоҷикистон дар ҳазорсолаи охир маҳсуб ёфта, ҳамчун муқаддасоти ғояи бебаҳои миллӣ-давлатӣ нақши калидӣ касб намуд. Дастовардҳои давлати мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 30  соли соҳибистиқ­лолии кишвар дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба таври возеҳу равшан эҳсос мешавад, ки аз ҷумлаи онҳо ин барқарор намудани сулҳу суботи комил, ваҳдати миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ ва болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ ва фарогирандаи дигар ҷанбаҳои ҳаёти инсонӣ мебошад.

Мояи ифтихор аст, ки дар як муддати кӯтоҳ пояҳои Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу суботи комил дар Тоҷикистон таҳким ёфта, аз файзу баракати ин неъмати бебаҳо сатҳи зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва худшиносиву худогоҳии миллии мардуми шарафманди кишвар ба маротиб боло рафтааст. Аз ин лиҳоз, истиқлолият барои мо яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Зеро ин дастоварди бузург натиҷаи талошу муборизаҳои фарзандони бонангу номуси тоҷик ба хотири амалӣ намудани ормони чандинасраи халқамон, яъне эҳёи давлатдории миллии тоҷикон мебошад.

Истиқлолияти давлатӣ барои муайян намудани асосҳои сохтори конститутсионӣ, таҳкими ҳокимияти давлатӣ, рушди бемайлони давлат, вазъи муътадили сиёсӣ ва амнияти ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва ташаккули ҳокимияти давлатӣ мусоидат кард. Ворид шудан ба ин марҳилаи нави таърихӣ дар назди халқи тоҷик иҷрои вазифаи муҳиму пурмасъул — бунёди давлати мутамаддину демократии ҷавобгӯ ба манфиатҳои миллиро пеш гузошт. Бояд ёдовар шуд, ки мардуми мо баъди ба даст овардани Истиқлолият дар роҳи бунёди давлати мустақил марҳилаҳои ниҳоят мушкили созандагиро паси сар кард, ки мудҳиштарини он ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва пайомадҳои фоҷиабори он буд. Танҳо ба шарофати заҳматҳои Роҳбари давлат Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расида, Ваҳдати миллӣ дар кишвар ба амал омад. Баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ як зумра падидаҳои нави демократӣ рӯи кор омада, нахустин санадҳои танзимкунандаи муносибат­ҳои ташаккули рукнҳои давлатдорӣ, таҳким ва ташаккули сохтори ҳокимияти давлатӣ ба тасвиб расида, муҳим аз ҳама Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Дар ҳамин радиф Конститутсия чун ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқӣ  Тоҷикистони озоду мустақилро бо номи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ба ҷаҳониён муаррифӣ ва низоми ташаккули давлатдории навини моро муайян намуд. Ин ҳама навовариҳои конститутсионӣ барои пойдору устувор гардидани сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ, оғози раванди татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум шароити мусоид фароҳам овард.

Ба шарофати истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ мавқеи байнал­милалии худро муаррифӣ ва ҳимоя мекунад. Имрӯз Тоҷикистонро расман зиёда аз 200 давлати ҷаҳон шинохта, бо 179 давлати ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқаррор намудааст.

Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун рамзи олии Ватану ватандорӣ барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар дар роҳи давлатсозиву давлатдории навин, таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ, пойдории сулҳу суботи комил ва инкишофи андешаи давлатдории миллӣ, ки ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад, фазои мусоид фароҳам овард. Бинобар ин вазифаи аввалиндараҷаи ҳар яки мо ин аст, ки истиқлолияти давлатамонро мустаҳкам созем ва арзишҳои онро эмин нигоҳ дорем.

АМИТ «Ховар»: Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз дастовардҳои замони истиқлол маҳсуб мешавад. Мегуфтед, ки мақоми мазкур дар таҳкими қонунияти конститутсионӣ ва ҳифзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ нақш дорад?

Абдулҳафиз Ашӯрзода: Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон самараи даврони истиқлол ба ҳисоб рафта, ҳамчун мақоми мустақили ҳокимияти судӣ оид ба ҳифзи Конститутсия фаъолият мекунад. Ба таъсиси Суди конститутсионӣ  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 15 майи соли 1995 заминаи ҳуқуқӣ гузошт ва охири ҳамон сол Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба фаъолият шурӯъ кард.  Қонуни конститутсионии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон 3 ноябри соли 1995 қабул шуд, ки дар он вазифаҳо, салоҳият, тартиби ташкил ва фаъолияти Су­ди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян шудаанд. Бо дарназардошти таҷриба ва амалияи фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тағйироти сифатан куллие, ки тайи солҳои охир дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар рух доданд Қонуни нави конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  26 июли соли 2014, № 1086 «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки тибқи он ба сало­ҳияти Суди конститутсионӣ додани хулоса оид ба лоиҳаи тағйиру илова­ҳои ба Конститутсия воридшаванда, инчунин лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳое, ки ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод мешаванд, мукаммал карда шуд.

Имсол аз таъсиси Суди конститутсионӣ 26 сол сипарӣ мешавад, ки зарурат ва аҳамияти ин мақомро дар давлатдории навини Тоҷикистон собит сохта, инчунин нишон дод, ки вобаста ба инкишофу пешрафти ҷомеа нақш ва мақоми Суди конститутсионӣ бояд таҳким ёбад. Фаъолияти самараноки Суди конститутсионӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки масъалаҳои баррасина­мудаи он дар таъмини волоияти Конститутсия, таҳкими қонунияти конститутсионӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши муассир доранд.

АМИТ «Ховар»: Дар замони соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси Сарвари давлат ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Ба андешаи Шумо ин тағйироту иловаҳо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро то чӣ андоза такмил доданд?

Абдулҳафиз Ашурзода: Яке аз дастовардҳои арзишмандтарини  даврони истиқлолият ва муқаддасоти миллии мо- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Он ҳамчун шиносномаи давлат Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби мардуми мамлакат бо дарки масъулияти баланд тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсияи кишвар дастоварди бузурги миллати тоҷик дар роҳи давлатсозию давлат­до­рии навин ба шумор меравад. Бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудани Конститутсия нишонаи ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандони мо нисбат ба ояндаи худ, тақдири минбаъдаи давлат ва ифодаи рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии мардум гардид. Бо дарки воқеияти таърихи сиёсии кишвар ва аҳамияти Конститутсия дар таъмини суботу устувории ҳаёти ҷомеа Роҳбарияти олии кишвар ба хулосае омад, ки лоиҳаи Конститутсияи нав ба муҳокимаи мардум гузошта шуда, он аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардад. Ин санади муқаддас, ки бо дарназардошти ирода ва манфиатҳои аксари мутлақи мардуми кишвар ва роҳи рушди ояндаи давлатамон таҳия ва пазируфта шудааст, сохти давлатдорӣ ва низоми ҳаёти ҷомеаи нави Тоҷикистонро муайян намуда, ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар мамлакатамон асоси боэътимод гузошт.

Ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ Конститутсия асоси дигаргунсозиҳое мебошад, ки онҳоро хусусияти рушди давлатдории муосир тақозо менамояд. Баробари рушди устувору пайдарпайи ҷомеа, дигаргуниҳое, ки дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ба вуқуъ мепайвнданд такмили меъёрҳои Конститутсия ва мукаммалгардонии қонунгузории ҷумҳуриро тақозо менамояд.

Конститутсияи Тоҷикистон аз ҷиҳати ҷавобгӯйӣ ба меъёрҳои қабулшудаи байналмилалӣ ва мутобиқат ба дастовардҳо ва арзишҳои ҷомеаи мутамаддин аз тарафи коршиносони давлатҳои пешрафта ва демократии ҷаҳон ба таври сазовор арзёбӣ ва қадр шудааст. Вале дар баробари инкишофи давлат ва муносибатҳои ҷамъиятӣ зарурати тағйиру такмили он пеш омад. Аз тариқи муҳокима ва раъйпурсии умумихалқӣ се маротиба ворид кардани тагйиру иловаҳо низ маҳз бо тақозои ҳамин зарурати таърихӣ анҷом дода шуд. Агар тағйироти 26 сентябри соли 1999 барқарории сулҳу суботро дар кишвар ҳукми қонунӣ бахшида бошанд, пас тағйиру иловаҳое, ки 22 июни соли 2003 ворид шуданд, бо густариши минбаъдаи раванди демократикунонии ҳаёти ҷомеа марбутанд ва тағйиру иловаҳои соли 2016 барои таҳкиму такмили асосҳои конститутсионии ҳокимияти давлатӣ, мукаммалу самаранок гардонидани низоми мақомоти давлатӣ ва такмили меъёрҳои он дар ҳамбастагӣ бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ заминаи усувори ҳуқуқӣ гузоштанд.

Қобили зикр аст, ки тағйиру иловаҳое, ки солҳои 1999, 2003 ва 2016 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд,  дар маҷмӯъ мазмуну муҳтаво ва меъёрҳои онро такмил дода, ба рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояву ҳифзи онҳо, таҳкиму такмили асосҳои конститусионии ҳокимияти давлатӣ, рукнҳои асосии он, мукаммалу самаранок гардонидани фаъолияти низоми мақомоти давлатӣ, фаъолияту ҳамкории байни онҳо, суфтаву равон гардонидани вожаву таркибот он тибқи қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ ва мутобиқ намудани меъёрҳои конститутсионӣ ба истилоҳу меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мусоидат намуданд. Конститутсия   ҳамчун ҳуҷчати барномавии ҳаёти давлат ва ҷомеа дурнамои пешрафти кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистонро барои солҳои тӯлонӣ пешбинӣ намуда, барои халқи мо бардавому поянда хизмат мекунад ва дар навбати худ мардуми шарифи Тоҷикистон минбаъд низ ба хотири амалӣ гаштани ин орзую ормонҳои нек, пеш аз ҳама тавассути эҳтиром ва риояи дақиқи меъёрҳои он қарзи шаҳрвандии худро сарбаландона адо хоҳанд кард.

АМИТ «Ховар»: Сарвари давлат зимни суханрониҳои хеш аз минбарҳои баланд дар баробари дигар масъалаҳо ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар мадди аввал гузошта, ба ҷомеаи ҷаҳон ҷиҳати поймол нагардидани ҳуқуқҳои шаҳрвандон пешниҳодҳои мушаххас ва тавсияҳои муфид ироа менамоянд. Вобаста ба ин ташаббусҳои наҷиби Пешвои миллат дар ин самт назари Шуморо донистан мехоҳем?

Абдулҳафиз Ашӯрзода: Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои глобалии ҷаҳони муосир аз ҷониби ҷомеаи башарӣ дар арсаи олам ҳамчун роҳбари ташаббускор ва нақшгузор дар ҳалли мушкилоти глобалӣ эътироф шудаанд. Сарвари давлат ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқи башарият ҳамчун роҳбари ташаббускор зимни баррасии масъалаҳои глобалӣ, алалхусус, пешгирӣ аз терроризм ва экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, механизмҳои нави молиявӣ ва мудирияти об, баҳси кишварҳо барои обҳои байналмилалӣ, таъмини устувории ҳифзи муҳити зист, афзоиши аҳолӣ, тағйирёбии иқлим, зуд-зуд рӯй додани ҳодисаҳои офатбори табиӣ, норасоии об ва дар натиҷа боло рафтани сатҳи камбизоатӣ, густариши бемориҳои сирояткунанда ва афзоиши фавти модару кӯдакро андешаронӣ карда, ҷомеаи ҷаҳониро барои ҳалли ин мушкилот даъват менамоянд. Дар арсаи ҷаҳон роҳбарони кишварҳои пешрафтаи олам ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хеле хуб истиқбол ва пуштибонӣ мекунанд. Аз соли 2000 инҷониб ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба об, ки аз ҷониби беш аз 180 давлати ҷаҳон дастгирӣ ёфтааст, Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид  як қатор  қарордодҳо вобаста ба ҳалли масъалаҳои марбут қабул намуд.

Инчунин пешниҳодҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмин намудани кишварҳои Осиёи Марказӣ бо оби тоза тавассути таъсис додани Консортсиуми байналмилалӣ доир ба истифодаи оби кӯли Сарез ва ташаббус оид ба Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мусбӣ ҷонибдорӣ гардидааст. Масъалаи мазкур аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми 3-юми ҷаҳонӣ доир ба иқлим 31 август — 4 сентябри 2009 дар шаҳри Женева, сипас дар Конфронси 15-уми ҷонибҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйироти иқлим дар Копенгаген  7-8 декабри соли 2009 пешниҳод гардид.

Ҳамин тавр, Пешвои миллат назари худро на танҳо доир ба ҳалли мушкилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳалли мушкилоти тамоми сайёра баён менамояд. Ҳар як ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳимояи давлату миллати тоҷик ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Маҳз бо ҳамин мақсаду мароми некашон мардуми тоҷик дар арсаи ҷаҳон ҳамчун миллати бузурги соҳибандеша дониста мешавад.

АМИТ «Ховар»: Дар замони Истиқлолияти давлатӣ чандин қонун, кодекс ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ қабул гардиданд. Дар ин асно чанд қонуни миллӣ низ ба тасвиб расиданд, ки мақоми кишвари моро то як андоза боло бурд ва ҳатто кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар қабули чунин қонунҳо ба мо пайравӣ намуданд. Яъне манзури мо қабули ду қонуни миллӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мебошанд. Перомуни ҳамин ду қонуни миллӣ ва дигар санадҳое сухан мегуфтед, ки дар даврони истиқлолият қабул ва зарурати ҷой доштани худро миёни мардум нишон доданд.

Абдулҳафиз Ашӯрзода: Имрӯз дар заминаи Конститутсия дар фазои ҳуқуқии кишвар 17 қонуни конститутсионӣ, 23 кодекс ва зиёда аз 380 қонун мавриди амал қарор доранд ва муносибатҳои ҷамъиятиро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти давлатию ҷамъиятӣ танзим менамоянд. Дар баробари ин, бо истифода аз ин ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони истиқлолият ба парлумони кишвар қонунҳои зиёде, пешниҳод намуда, онҳо қабул шудаанд. Онҳо дар марҳалаи навини таърихӣ, бо дарназардошти хусусиятҳои геополитикию идеологии таҳаввулоти ҷаҳони имрӯза ва ниёзҳои ҳаётан муҳими миллӣ қабул гардида, барои таҳкими самтҳои ҷараёни инкишофи ҷомеа, рушди бемайлони давлат, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд заминаи ҳуқуқӣ гузоштанд. Бо мақсади ба низоми муайян даровардани расму оинҳои миллӣ ва маросимҳои динӣ бо мақсади пешгирӣ аз ҳар гуна сарфу хароҷотӣ беҳуда, аз байн бурдани хурофот ва зоҳирпарастӣ санади муҳими миллӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Мақсади асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими аъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, ҳамчунин таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ маҳсуб меёбад. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таърихи қонунгузории на танҳо кишвари мо, балки дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ низ ҳодисаи воқеан ҳам бемислу монанд буда, аз ҷаҳду талоши роҳбарияти давлати тозаистиқлоламон дар ҷодаи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд, ки заминаи онро арзишҳои миллӣ ва динӣ ташкил мекунанд, дарак медиҳад. Бо қабули Қонуни мазкур давлати мо ба танзими муҳимтарин рукнҳои ҳаёти иҷтимоӣ, анъана ва маросими миллию динӣ рӯ оварда, барои ба манфиати иқтисодӣ, устувории ҳаёти иҷтимоӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон равона гардидани онҳо амали бениҳоят хайреро анҷом дод.

Зиндагӣ исбот кард, ки иқдоми Пешвои миллат ҷиҳати қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои муҳофизату нигоҳ доштани расму таомул ва анъанаҳои миллӣ саривақтӣ ва зарурӣ буда, шароити зиндагии мардумро беҳтар ва баргузории маъракаҳоро фароҳам овард.

Бояд зикр кард, ки дар низоми қонунгузории миллӣ баъд аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон» Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дувумин қонунест, ки аз бисёр ҷиҳат хусусияти миллӣ дошта, ба имрӯзу оянда нигаронида шудааст. Аз ин рӯ, бо дарки зарурати ин санади муҳим дар ҳаёти иҷтимоию сиёсии ҷомеа лоиҳаи он аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзиши умум пешниҳод гардида буд.   Имрӯз, ки мо дар ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва дунявӣ зиндагӣ мекунем, таълиму тарбияи насли наврас мақсаду мароми асосии сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат буда, рушди ояндаи ҷомеаро бе тарбияи дурусти ин қишри ҷомеа тассавввур кардан душвор аст. Таълиму тарбияи кӯдак ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои ӯ ҳамеша дар маркази диққати таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор дошта, роҳбарияти олии сиёсии мамлакат барои амалишавии ин меъёри конститутсионӣ доимо талош меварзад. Дар ҳамин радиф бо мақсади баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, дар рӯҳияи инсондӯстиву ватанпарастӣ ба воя расонидани фарзандон соли 2011 бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардид. Ба ҳамин хотир дар қонуни мазкур масъалаҳои хеле муҳими тарбияи насли наврас ба назар гирифта шудаанд, то ин ки мо тавонем дар ҷомеаи имрӯза кӯдакони солим ва боодобу фозил тарбия намоем.

Сентябрь 8, 2021 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хоруғ Маркази стоматологӣ кушода шуд
Дар Хуҷанд якчанд иншооти хизматрасонӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд
Дар деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров варзишгоҳи бузург бо 7000 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатӣ ба истифода дода шуд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишӣ оид ба футболро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ «Фароғатбону»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи парандапарварии ҶДММ «Назар»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли пардаҳои полиэтилении ҶДММ «Технологияи полимерӣ» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли пойафзолро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон Маркази ташхису табобатии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд