Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи вазирони корҳои хориҷии Гурӯҳи кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ иштирок намуд

Сентябрь 25, 2021 11:24

ДУШАНБЕ, 25.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 23 сентябр дар Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии СММ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи вазирони корҳои хориҷии Гурӯҳи кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ (LLDC) иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Намояндаи воломақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии худ ба аҳамияти татбиқи Барномаи амали Вена (VPoA) ишора намуда, онро шарти зарурӣ барои ҳамгироии кишварҳои LLDC ба иқтисоди ҷаҳонӣ ва ноилшавӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ) унвон кард. Тадбирҳои андешидаи ҷониби мо ҷиҳати рафъи оқибатҳои иқтисодию иҷтимоии ҳамагирии COVID-19, аз ҷумлаи мавзӯъҳои дигаре буданд, ки дар суханронии намояндаи мо инъикос гаштанд.

Роҳбари ҳайати Тоҷикистон инчунин ба масъалаҳои энергетика, захираҳои об ва нақлиёт рӯй оварда, онҳоро ҳамчун самтҳои авлавиятноки Тоҷикистон унвон кард ва аз кишварҳои узви Гурӯҳи LLDC даъват намуд, ки аз имкониятҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028» ҷиҳати мусоидат ба татбиқи саривақтии ҲРУ-6 пурра истифода баранд.

АКС аз бойгонӣ

Сентябрь 25, 2021 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд