Ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ яке аз бурҷи баландтарини Малайзия бо рангҳои парчами Тоҷикистон равшан гардид

Сентябрь 9, 2021 11:14

ДУШАНБЕ, 09.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 2021 рангҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз баландтарин бурҷҳои дунё, ки дар пойтахти Малайзия ҷойгир шудааст инъикос гардид.  Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Малайзия 11 марти соли 1992 барқарор гардиданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Малайзия имкони густариш ёфтанро доро буда, ду кишвар омода ҳастанд уфуқҳои навро дар ин ҷода фатҳ кунанд. Имрӯз дар макотиби олии Малайзия шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд.

Дар ин бора мавод дар расонаҳои Малайзия бо пайванди зерин дастрас мебошад:

https://www.bernama.com/en/world/news.php?id=2001041&fbclid=IwAR0VVASP9mfbMqdE4cy463gr6UjYvE5aOa-MDjzSGO066rnUyzdJi1azX0c

АКС аз www.bernama.com

Сентябрь 9, 2021 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хуҷанд 964 иншооти ҷашнӣ бунёд карда шудааст
Президенти Муғулистон бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар гимназияҳои рақами 1 ва 4-и шаҳри Хуҷанд сохтмони биноҳои иловагӣ идома дорад
Дар Суғд 84 корхонаи нав бо 536 ҷойи кор ба истифода дода шуд
Дар деҳаи Томини ноҳияи Айнӣ мумфаршкунии роҳи дохилидеҳавӣ оғоз ёфт
Сарвазири Тоҷикистон бо Вазири иқтисод ва сайёҳии Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Дар Тянҷин мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Чин баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо мудири кулли Фонди кувайтии рушди иқтисодии араб мулоқот намуд
Дар Давҳа машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қатар баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Густариши робитаҳои молиявии Тоҷикистон ва Қатар мавриди муҳокима қарор гирифт
Байни мақомоти стандартизатсияи Тоҷикистон ва Узбекистон «Харитаи роҳ» омода карда мешавад