Ба шарафи 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ва 20-солагии СҲШ намоиши асарҳои рассомӣ оғоз ёфт

Сентябрь 18, 2021 08:45

ДУШАНБЕ, 18.09.2021 /АМИТ  «Ховар»/. 15 сентябр дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба шарафи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-солагии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) намоиши асарҳои  рассомии омӯзгорони амалкунанда ва собиқи ин муассисаи олии таълимӣ оғоз гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз донишкадаи мазкур.

Намоиш беш аз 50 асари 25 омӯзгори донишкадаро дар бар гирифта, дар инҷо дар қатори асарҳои устодони пуртаҷрибаи санъати рассомӣ – Рассоми халқии Тоҷикистон, профессор Исуф Сангов, арбобони ҳунари Тоҷикистон профессор Мизроб Холов, Акмал  Миршакар, ҳайкалтарош Аҳтам Сафаров ва рассоми шинохта, собиқ Раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, декани факултети санъати тасвирии донишкада, марҳум Фаррух Хоҷаев, инчунин асарҳои рассомони ҷавони боистеъдод-омӯзгорон Мадина Ғиёсова, Парвини Ғаффор, Беҳзод Боймуродов, Беҳрӯз Забиров, Ҳалим Исмоилов, Эркин Суюнов, Равшан Рӯзибоев ва Умеда Мардихудоева ба намоиш шукӯҳу шаҳомати тоза мебахшанд.

Бахусус асарҳои Умеда Мардихудоева «Субҳи Помир», «Деҳаи ман», «Оби равон», ки  тобистони имсол эҷод шуда, манзараҳои зебову нотакрори деҳоти Бадахшони Тоҷикистонро бо маҳорати баланд инъикос намудаанд, сазовори баҳои баланди тамошобинон гардиданд.

 Намоиши расмҳо то 15 октябр идома меёбад.

АКСҲО аз Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

Сентябрь 18, 2021 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони Бозиҳои ХХ Делфии ҷавонони ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Тоҷикистон Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ идома доранд
Фарҳанги пурғановати Тоҷикистон дар Туркманистон муаррифӣ мегардад
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Доир ба дастгирии истеъдодҳои ҷавон дар ИДМ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Душанбе Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ оғоз мегардад